Никола Аббаняно
Нико́ла Аббаня́но (итол. Nicola Abbagnano; 15 июли соли 1901, Салерно, Италия — 9 сентябр 1990, Милан) — файласуфи идеалист-экзистенсиалисти итолиёвӣ, академик, профессори Донишгоҳи Турин[6].
итол. Nicola Abbagnano | |
Таърихи таваллуд | 15 июл 1901[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 9 сентябр 1990[1][3][4][…] (89 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишФалсафаро дар Донишгоҳи Неапол омӯхта дар донишгоҳҳои Салерно, (1923), Неапол (1926 – 35) ва Турин (1945 – 76) устод буд. ӯ асосан намояндаи равияи экзистенсионализм дар фалсафа будааст. Ин равия як намуди идеализми субъективӣ буда, муддаист, ки мавриди таҳқиқи фалсафа фақат инсон аст ва он мабдаю маншаи ҳама чиз мебошад. Аббаняно ҳамчун асосгузори экзистенсионализми позитивӣ (равияи идеалистии фалсафа, ки донишро маҳсули илмҳои махсус шуморида, фалсафаро ҳамчун илм инкор мекунад), майл мекард, ки ғояҳои экзистенсионализми позитивиро бо неопозитивизм созиш диҳад. Ба ин асос Аббаняно кӯшиш кард, ки амсилаи мувофиқу муносиби экзистенсионализмро созад. Тибқи андешаи ӯ, фард доиман метавонад аз байни ҳар гуна имкониятҳо ҳамонеро интихоб кунад, ки асоси «вуҷудияти солим ва пойдор» дошта бошад. Лоиҳаи ҷараёни инкишофи ояндаро арзёбӣ карда Аббаняно муқобили капитализм бо волоияти фардияташ ва ҳам зидди сотсиализм бо коллективизмаш баромада, дар чанд андешӣ замонати озодии инсонро мебинад. Аббаняно муаллифи «Фарҳанги фалсафӣ» (1961) ва як идда таҳқиқоти илмӣ доир ба таърихи илм ва фалсафа аст.
Китобшиносӣ
вироиш- Le sorgenti irrazionali del pensiero, Napoli, 1923
- Il problema dell’arte, Napoli, 1925
- Il nuovo idealismo inglese e americano, Napoli, 1927
- La filosofia di E. Meyerson e la logica dell’identità, Napoli-Città di Castello, 1929
- Guglielmo di Ockham, Lanciano, 1931
- La nozione del tempo secondo Aristotele, Lanciano, 1933
- La fisica nuova. Fondamenti di una nuova teoria della scienza, Napoli, 1934
- Il principio della metafisica, Napoli, 1936
- La struttura dell’esistenza, Torino, 1939
- Introduzione all’esistenzialismo, Milano, 1942
- Filosofia religione scienza, Torino, 1947
- L’esistenzialismo positivo, Torino, 1948
- Possibilità e libertà, Torino, 1956
- Storia della filosofia, Torino, 1966
- Per o contro l’uomo, Milano, 1968
- Fra il tutto e il nulla, Milano, 1973
- Questa pazza filosofia ovvero l’Io prigioniero, Milano, 1979
- La saggezza della filosofia. I problemi della nostra vita, Milano, 1987
- Dizionario di filosofia, Torino, 1987
- Ricordi di un filosofo, Milano, 1990
- Scritti neoilluministici, Torino, 2002
- Тарҷумашуда ба русӣ
- Мудрость философии и проблемы нашей жизни. СПб., 1998
- Мудрость жизни. СПб., 1996
- Введение в экзистенциализм. СПб., 1998
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Эфиров С. А. Аббаньяно Никола // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969. — Т. 1 : А — Ангоб. — С. 13.
- ↑ 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Gran Enciclopèdia Catalana (кат.) — Grup Enciclopèdia, 1968.
- ↑ 5.0 5.1 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/nicola-abbagnano (итол.)
- ↑ Аббаньяно Никола / С. А. Эфиров // А — Ангоб. — М. : Советская энциклопедия, 1969. — С. 13. — (Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров ; 1969—1978, т. 1).
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.