Нимҷазираи Балкан

Нимҷазираи Балкáн (хорватӣ: Balkanski poluotok, боснӣ: Balkansko poluostrvo, юн. Βαλκανική χερσόνησος, тур. Balkan Yarımadası, итол. Penisola Balcanica, лот. Paeninsula Balcanica) — нимҷазира воқеъ дар ҷанубу шарқи Аврупо. Масоҳат — тақрибан 505 ҳазор км².

Маҳалли аҳолинишин
Нимҷазираи Балкан
Karte Suedosteuropa 03 01.png
Координатаҳо 42° с. ш. 22° в. д.HGЯO
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Нимҷазираи Балкан дар харитаи
Нимҷазираи Балкан
Нимҷазираи Балкан

Дар нимҷазираи Балкан қисман ё пурра ҷойгиранд:

Давлати қисман эътирофшуда:

  • Косово

ШаҳрҳоВироиш

Шаҳрҳои бузургаш – София, Загреб, Скопйе, Белград, Истанбул, Афина.

ТабиатВироиш

 
Харитаи нимҷазираи Балкан (1891)

СоҳилВироиш

Соҳилҳои ғарбиаш бо баҳрҳои Адриатика, Ион, шарқиаш бо Баҳри Сиёҳ, Баҳри Мармар, гулӯгоҳи Босфор ва Дарданелл, Баҳри Эгей ҳамсарҳад аст. Дар нимҷазираи Балкан Булғория, қисми зиёди Югославия, Албания, Юнон, Босния ва Ҳерсеговина, Македония, Черногория, Сербия, қисми ҷанубии Руминия, қисми ғарбии Туркия ва як қисми ноҳияи шимолу шарқии Итолиё ҷойгиранд. Дар атрофи Балкан ҷазираҳои бисёре ҳастанд, ки масоҳати умумиашон 21,5 ҳазор км²-ро ташкил медиҳад.

РелефВироиш

Қисми бештари Балканро кӯҳҳои Стара-Планина, Родоп, Рила, кӯҳсори Динор, массиви Проклетие, кӯҳи Панд ва ғайра ишғол кардаанд.

Релйефи Балкан асосан кӯҳист. Кӯҳҳояш ба чиндоршавии алпӣ нисбат доранд. Дар ҳудуди он се массиви қадимӣ (токембрий): қ-кӯҳҳои Сербияву Македония ва Родопу Пелагония воқеъ аст, ки аз варақсангҳои кристаллӣ, гнейсҳои давраи токембрий иборатанд. Қисми массивҳо, хусусан Сербияю Македония, бо таҳнишастҳои мезозоӣ, кайнозоӣ, дар баъзе ҷойҳо палеозоӣ, яклухт пӯшида шудаанд. Балкан серзилзила аст (дар шимол, қисми ҷанубии Дунайи Миёна).

 
Харитаи нимҷазираи Балкан аз Энциклопедического словаря Брокгауза и Ефрона, 1890—1907

ИқлимВироиш

Иқлим дар марказ ва шимол континенталии муътадил, дар минтақаҳои дигараш баҳримиёназаминист. Ҳарорати миёнаи январ аз –1 то 11°С, дар кӯҳҳо то –5°С ва пасттар, июл дар шимол 22–23°С, дар ҷануб 25–27°С.

Миқдори боришоти солона дар фасли сармо 1000–1500 мм, дар навоҳии Халиҷи Котор то 5000 мм аст.

ГидрографияВироиш

Дарёҳои калонаш: Мариса, Морава, Искир, Струма, Дунай ва Сава. Кӯлҳояш: Шкодер, Охрид, Преспа ва ғайра, асосан дар пастхамиҳои тектоникӣ ҷойгир буда, аз пиряхҳо ҳосил мешаванд. Дар кӯҳҳои Рила кӯлҳои аз пиряхҳо ҳосилшаванда бисёранд. Чашмаҳои маъдании гарму хунук зиёд вомехӯранд.

Ҳайвоноту набототВироиш

Хокаш асосан ҷигаррангу карбонатӣ. Дар мавзеи Баҳри Миёназамин олами набототи Балкан ғанитарин буда, қариб 6,5 ҳазор навъи рустаниро дар бар мегирад. Аз ҳайвонот оҳу, рӯбоҳ, гурба, гуроз, хирс, шағол, гавазн, сагобӣ, аз хазандаҳо калтакалос, мор, сангпушти юнонӣ, аз обхокиҳо тритон, қурбоқа, инчунин моллюскҳо вомехӯранд. Навъу ҷинсҳои камшудаи набототу ҳайвонот дар мамнӯъгоҳҳо ҳифз мешаванд. Ландшафти Балкан аз фаъолияти инсон хеле тағйир ёфтааст.

Канданиҳои фоиданокВироиш

Балкан аз сарватҳои зеризаминӣ (махсусан дар ҳудуди Булғория, Сербия, Боснии ва Герцеговины) ғанӣ мебошад. Дар Балкан ангиштсанг, филиззоти ранга, оҳан, нафт, симоб ва боксит мавҷуд аст. Истихроҷи бокситҳо, оҳан, мис, руҳ, никел, хром, симоб, молибден ба роҳ монда шудааст.

 
Таърихи Балкан аз соли 1796

КишоварзӣВироиш

Бештар ҷуворимакка, гандум, тамоку кишт мекунанд. Боғу токпарварӣ низ тараққӣ кардааст. Дар ҷануб ситрусиҳо, зайтун, анор парвариш мекунанд.

СаёҳӣВироиш

Балкан маркази бузурги туризми байналмилалӣ мебошад.

ТандурустӣВироиш

Табобатгоҳҳои машҳураш дар соҳилҳои Баҳри Адриатика, дар Юнон ва Булғористон ҷойгиранд.

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • Балканы // Военная энциклопедия : [в 18 т.] / под ред. В. Ф. Новицкого [и др.]. — СПб. ; [М.] : Тип. т-ва И. В. Сытина, 1911—1915.
  • Мурзаев Э. М. Словарь народных географических терминов. 1-е изд. — М., Мысль, 1984.
  • Мурзаев Э. М. Тюркские географические названия. — М., Вост. лит., 1996.

СарчашмаВироиш