Нодир Одилов (Одилов Нодир Фозилович; тав. 1932, ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон — 21 сентябри 2019[1], Душанбе, Тоҷикистон) — файласуфи тоҷик, номзади илмҳои фалсафа (1964), профессор (1990).

Нодир Одил
Одилов Нодир Фозилович
Зодгоҳ ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 21 сентябр 2019(2019-09-21)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фалсафа
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1951—1956 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1949—1951 дар мактаби миёнаи ба номи Ф.Энгельси ноҳияи Ванҷ ҳамчун муаллими фанни забони русӣ кор кардааст. Солҳои 1956—1959 аспиранти Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1959—1970 муаллими калон, 1967—1970 мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон буд. Солҳои 1970—1972 дар вазифаи мудири Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1972—1982 дотсент, 1976—1982 мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Солҳои 1982—1991 вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистонро ба дӯш дошт. Солҳои 1995—2002 ба сифати профессори кафедраи фалсафа ва маданиятшиносии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2003 инҷониб раиси Шӯрои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад ва ҳамчунин вазифаи мудири Шуъбаи дини Институти фалсафаи АИ Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Муаллифи зиёда аз шаш асару 150 мақолаҳои илмӣ мебошад. Дар таълифотҳояш масъалаҳои фалсафии ислом, таълимоти фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсии Ҷалолиддинӣ Румӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст.

Осор вироиш

  • Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ, Д.,1964;
  • Таърих ва назарияи дин (Китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1970;
  • Мировозрение Джалолидина Руми, Д.,1971;
  • Ислом дар оинаи ақл, Д., 1971;
  • Ихтилофи ақоид ва низоми мазҳаби дар ислом, Д., 1973;
  • Социализми ислом, Д., 1986.
  • Идейное пространство Гюлена. М.:"Издательство Новый Свет", 2010

Эзоҳ вироиш

  1. Нодир Одилов, файласуфи тоҷик, дар 87-солагӣ даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 23 сентябри 2019 санҷида шуд.

Пайвандҳо вироиш