Номвар Қурбон

(Тағйири масир аз Номвар Қурбонов)

Номвар Қурбон (Қурбон Номвар Бойназар; 4 феврали 1990, Вешаб, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — физикдон, гидрометеоролог, омӯзгор, рӯзноманигор, номзади илмҳои техникӣ (2020)[1], дотсент (2024)[2], узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2015).

Номвар Қурбон
Қурбон Номвар Бойназар
Таърихи таваллуд 4 феврал 1990(1990-02-04) (34 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Фазои илмӣ метеорология, климатология, экология
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер ДМТ, АМИТ

Зиндагинома

вироиш

Номвар Қурбон 4 феврали соли 1990 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ[3], ба дунё омада, соли 2007 мактаби миёнаро ба итмом расонидааст. Баъд аз хатми дабистон ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2012 бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 2013 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантура шомил гардида, онро соли 2016 рӯи ихтисоси физикаи муҳитҳои конденсӣ ба поён расонидааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Фаъолияти кориаш аз вазифаи мутахассиси Агентии обуҳавошиносӣ (2008-2010) оғоз гардида, баъдан дар вазифаҳои омӯзгори фанҳои физика ва географияи Литсей-интернати Президентӣ дар шаҳри Душанбе (2010-2012), аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012-2015) ва муҳаррири маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» (2015-2020) идома кардааст. Аз соли 2016 ассистенти кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи ДМТ ва ҳамзамон, аз моҳи декабри соли 2018 то моҳи майи соли 2022 раисии Шӯрои олимони ҷавони ДМТ-ро ба уҳда дошт. Аз моҳи июни соли 2021 то имрӯз дар вазифаи муовини директор оид ба илм ва таълими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ[4] фаъолият дорад.

Номвар Қурбон муаллифи беш аз 55 мақолаи илмӣ, 130 мақолаи илмӣ-оммавӣ, 6 китоб (3 монография ва 1 китоби дарсӣ), 4 шаҳодатномаи ихтироотӣ патент буда, инчунин ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва таблиғу баррасии донишҳои илмӣ дар 80 барномаи телевизионӣ ва 50 барномаи радиоӣ суханронӣ кардааст.

Монографияҳо
  • Курбонов Н.Б., Фрумин Г.Т. Формирование состава водных ресурсов бассейна р. Зерафшан: Влияние изменения климата на условия формирования и химического состава водных ресурсов БРЗ. — LAP Lambert Academic Publishing, 2021. — 145 cтр.
  • Гарелина С. А., Давлатшоев С. К., Латышенко К. П., Курбонов Н. Б. Повышение безопасности гидротехнических сооружений. Часть 2. На примере водохранилища Нурекской ГЭС на реке Вахш. — Химки: Академия гражданской защиты МЧС России, 2021. — 192 стр.
  • Амирзода О. Х., Давлатшоев С. К., Кариева Ф. А., Кобули З. В., Курбонов Н. Б., Пулатов Я. Э., Фазылов А. Р. Водохозяйственная инфраструктура в общей системе управления водными ресурсами. — Душанбе, 2021. — 172 стр.
Китобҳо
  • Қурбонов Н.Б. Назарияи рушди илмҳои табиатшиносӣ. — Душанбе: Истеъдод, 2014. — 192 с. ISBN 978-99975-43-11-0
  • Номвар Қурбон, Зафари Умар. Асосҳои нанотехнология. — Душанбе: Истеъдод, 2015. — 112 с. ISBN 978-99975-43-11-0
  • Номвар Қурбонов, Ситора Мирзохонова. Метеорологияи умумӣ. — Душанбе: ДМТ, 2021. — 356 с.
  • Номвар Қурбонов. Дурахши ахтарони илм. — Душанбе: Дониш, 2022. — 267 с.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо диплом ва ифтихорномаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021, 2022), Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010, 2019), Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024), Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2021, 2023, 2024), Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2010, 2023), Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2023, 2024), Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2022) сарфароз гардонида шудааст.

Дорандаи нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017) ва Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2023) мебошад.

  1. Ҳимояи Қурбонов Номвар Бойназарович. vak.tj. 4 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 феврали 2022.
  2. нусхаи бойгонӣ. 26 марти 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 июни 2020.
  3. Курбонов Номвар Бойназарович. www.famous-scientists.ru. Известные ученые. 4 феврали 2022 санҷида шуд.
  4. {{Cite web|url=https://https Бойгонӣ шудааст 25 июни 2020  сол.://www.imoge.tj/institut/mamuriyati-institut?layout=edit&id=221