Норинисо Юсупова
Норинисо Авазовна Юсупова — ( 6 ноябри соли 1941, шаҳри Сталинобод, ҳоло - Душанбе), олими химик., омӯзгор, доктори илми химия (1990 ), профессор (1991), узви вобастаи Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ.
Норинисо Авазовна Юсупова | |
Таърихи таваллуд | 6 ноябр 1941 (83 сол) |
Зодгоҳ | Сталинобод |
Зиндагинома
вироишФакултети химияи УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) –ро хатм кардааст (1966). Лабор. Институтихимияи ба номи В.И. Никитини Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, (1966-1967), коромӯз-тадқ. Лабор. спектроскопияи молекулавии каф. химияи физ. фак. химияи УДМ ба номи М.В.Ломоносови ФР (1967-1968), асп. Ин.-ути умумиит. тадқ. илмии коркарди нафти шаҳри Москва дар назди Ваз. саноати нафти СССР (1969-1972). С. 1973 дар мавзӯи “Тадқиқоти масс-спектрометрии гетерокомпонентҳои нафти конҳои депрессияи Тоҷикистон” рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, дар Ин.-ути химияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, ба ҳайси корм. хурд, корм. калони илмӣ кор кардааст (1973-1990). С.1990 дар Шӯрои илмии Инт.-ути нафт ва гази ба номи И.Губкин (ФР) дар мавзӯи “Пайвастагиҳои гетероатомии сулфур ва нитрогендори нафти конҳои Тоҷикистон” рисолаи доктори ҳимоя намудааст. Профессор (1991-1992), мудири каф. химияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1993) ва роҳбари аспирантон аст.
Осори илмӣ
вироишМавзӯи асосии тадқ. илмиаш аз таҳқиқии таркиби химиявии гетеропайвастагиҳои органикии нафти серсулфури Тоҷикистон иборат аст. Аз соли 1991 инҷониб бо масъалаҳои омӯзиши таркиби химиявии рустаниҳои эфиру равғандори Тоҷикистон (хусусан анҷибар – «шамъдонаи гулобӣ» ва навъҳои гуногуни пудинаву райҳон) ва таҷзияи ҷузъҳои муаттари онҳо машғул аст. Соҳиби шаҳодатномаи муаллифист. Аз рӯи натиҷаи корҳои тадқ. илмии худ дар симпозиуму конф. умумиит. ва байналхалқӣ дар шаҳри Москва, Рига, Таллин, Боку, Киев, Тбилиси, Лейпсиг, Прага, Машҳадва ғ. сухан кардааст. Муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва илмии оммавӣ, дастури методӣ, курси лексия аз химияи органикӣ, аз ҷумла «Комплексҳои рений бо сулфидҳои сиклӣ – катализатарҳои раванди барқароркунӣ ва изомеризатсияи олефинҳо» [ Известия АН СССР (химия), № 4, 1988, Москва], «Таркиб ва сохти тиасиклонҳои нафти депрессияи Тоҷикистон» (Маҷ. «Химия ва технологияи сӯзишворӣ ва равғанҳо» (Москва, 1989), «Компонентҳои ғайрикарбогидридии нафти Тоҷикистон ва роҳҳои истифодаи он» («Тоҷик НИИНТИ, Д., 1991), «Таркиби химиявии равғани шамъдонаи гулобӣ» (Машҳад, ҶИЭ, 1993), «Проблемаҳои тадқиқоти рустаниҳои эфиру равғандори Тоҷикистон» (Маҷ. «Кишоварз», Д., 2003) ва ғ.
Манобеъ
вироишАслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, - с. 167.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |