Носирҷон Салимӣ
Носирҷон Салимӣ Юсуфзода (3 декабри 1960, Хуҷанд) — доктори илмҳои филология (2002), профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2008).[1]
Юсуфзода Носирҷон Салимӣ | |
Таърихи таваллуд | 3 декабр 1960 (63 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Зиндагинома
вироишСалимов Носир Юсупович, 3 декабри соли 1960, дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1982 баъд аз хатми факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ба ҳайси лабарант, муҳаққиқи коромӯз ва баъдан чун аспирант фаъолият дошт.
- Солҳои 1988—1989 ходими адабии маҷаллаи «Садои Шарқ»,
- Солҳои 1990—1992 ходими илмии Институти забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон,
- Аз соли 1992 дар кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба сифати дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷикӣ, директории «Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён» (1998—1999), ноиби ректори қисми илмӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров(1999—2001) фаъолияти доштааст,
- Соли 1999 ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон пазируфта шуд,
- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2001 ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз 10 январи соли 2010 ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, соли 2012 ба вазифаи директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъйин гардидааст.[2]
- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2014 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин шудааст.[3]
- Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон (аз 5.02.2019 то 25.10.2019)[4]
- Узви Маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон-2020 аз 25 октябри соли 2019[5]
Иштирок дар интихобот
вироиш- Соли 2002 ва 2005 — вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соли 2010 — вакили Маҷиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб шудааст,
- Моҳи марти соли 2005 узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишСоли 1990 — рисолаи номзадӣ ва дар соли 2002 — рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Соли 2004 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2008 академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1991 ҳамчун беҳтарин олими ҷавон барои силсилаи мақолаҳо ба дарёфти шаҳодатномаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ноил гардида, соли 1999 барои китоби дуҷилдаи «Сомониён дар оинаи таърих» ба дарёфти Ҷоизаи «Камоли Хуҷандӣ»-и Ҳукумати вилояти Суғд мушарраф шудааст. Дар тӯли фаъолияти худ монографияҳои:
- Маърифати бадеии таърих. — Хуҷанд, 1997,12 ҷ.ҷ.,
- Мероси Оли Сомон. — Хуҷанд, 2001, 43,6 ҷ.ҷ.,
- Марҳалаҳои услубӣ ва таҳаввули анвоъи наср дар адабиёти классикии форсу тоҷик (асрҳои IX—XIII). — Хуҷанд, 2002, 25 ҷ.ҷ.
Беш аз 100 мақолаи илмӣ — омавӣ нашр намудааст. Дар таҳияи ёдгориҳои хаттии асрҳои миёна, аз ҷумла:
- Хазору як шаб. Ҷилдҳои 1-2. — Душанбе: Адиб", 1992,
- Сомониён дар оинаи таърих. Ҷилдҳои 1-2. — Хуҷанд, 1998,
- «Сафарнома»-и Носири Хусрав,
- «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» ва диг. иштирок дошт.
Осори нависандагони рус ва булғорро бо номҳои
- Фикри ҳар кас ба қадри ҳиммати ӯст. — Душанбе: Ирфон, 1998
- Ҳикояҳои А. П. Чехов. — Душанбе, 1991 тарҷума кардааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- Ҷоизаи «Камоли Хуҷандӣ» -и Ҳукумати вилояти Суғд
- Бо нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Остона» сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аъзои пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ , аз соли 1951. 19 июли 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 сентябри 2017.
- ↑ Маълумотнома доир ба фаъолияти кории Юсуфзода Носирҷон Салимӣ
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2014
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2019 Дар бораи директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Салимӣ Н. Ю.
- ↑ Чаро Носирҷон Салимӣ аз вазифаи роҳбари Институти забон ва адабиёт сабукдӯш шуд?