Забонҳои помирӣ
Забонҳои бадахшонӣ — забонҳое, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роиҷанд, ба забонҳои шарқии эронӣ шомиланд. Ин забонҳоро шарқшиносон шартан «забонҳои помирӣ» ном ниҳодаанд ва дар солҳои охир ҷойи ин ибораро таркиби «забонҳои бадахшонӣ» ишғол намудааст. Забонҳои бадахшонӣ инчунин дар миёни мардуми Бадахшони Афғонистон ва дар минтақаи Тошқӯрғони ноҳияи худмухтори ӯйғуристони Чин мустаъмал аст.[1]
Забонҳои бадахшони (помири) шимолӣ
вироиш- Забони язғуломӣ (дар водии Язғуломи Ноҳияи Ванҷ)
- Забони ванҷии қадим (гӯиш дар Ванҷ то асри XVIII, ба забони тоҷикӣ иваз шудааст)
Забонҳои шуғнонӣ – рушонӣ
вироишГурӯҳи забонҳои шуғнонӣ –рушонӣ асосан дар соҳили дарёи Панҷ дар қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон густариш ёфтааст ва забонҳои ин гурӯҳ ба ҳамдигар қаробату шабоҳати зиёд доранд. Теъдод ва макони густариши забонҳои ин гурӯҳ чунин аст:
- Забони шуғнонӣ (дар ноҳияи Шуғнон)
- Забони рӯшонӣ (дар ноҳияи Рӯшон )
- Забони водии Хуф (дар ноҳияи Рӯшон, водии Хуф)
- Забони бартангӣ (дар ноҳияи Рӯшон, ду соҳили рӯдхонаи Бартанг)
- Забони рошорвӣ (дар ноҳияи Рӯшон, ду соҳили рӯдхонаи Бартанг)
- Забони сариқулӣ (дар минтақаи Тошқӯрғони ноҳияи худмухтори ӯйғуристони Чин)
Забонҳои бадахшони (помири) ҷанубӣ
вироиш- Забони ишқошимӣ (дар ноҳияи Ишкошим ва дар Бадахшони Афғонистон);
- Забони санглечӣ (дар ноҳияи Ишкошим ва дар Бадахшони Афғонистон);
- Забони вахонӣ (дар ноҳияи Ишкошим ва дар Бадахшони Афғонистон);
- Забони мунҷонӣ (дар ноҳияи Ишкошим ва дар қисмати чапи водии Вахони Бадахшони Афғонистон).
Забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) мисли забони пушту, осетинӣ, яғнобӣ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ шомиланд ва ба забонҳои қадимаи сакоӣ, бохтарӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва диг. қаробати наздик доранд.
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Пахалина Т. Н. Памирские языки. — М.: Наука (ГРВЛ), 1969. — 164 с. — (Языки народов Азии и Африки).
- Языки и этнография «Крыши мира». СПб.: «Петербургское Востоковедение», 2005. — 112 с.
- Payne, John, «Pamir languages» in Compendium Linguarum Iranicarum, ed. Schmitt (1989), 417—444.
- Эдельман Д. И. Памирские языки // Лингвистический энциклопедический словарь. — М.: СЭ, 1990.
Эзоҳ
вироиш- ↑ kumitaizabon.tj/забоншиносӣ(пайванди дастнорас)
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |