Ноҳияи Сари-Хосор
Ноҳияи Сари-Хосор — воҳиди маъмурӣ дар ҶШС Тоҷикистон, округи Кӯлоб ва вилояти Кӯлоб, ки дар солҳои 1936—1952 вуҷуд дошт. Масоҳати ноҳия тибқи маълумоти соли 1947 0,9 ҳаз. км²-ро ташкил медод. Аҳолӣ тибқи маълумоти соли 1939 15 002 наф., аз ҷумла тоҷикон — 98,4 %-ро ташкил медод[1].
Кишвар | СССР |
---|---|
Тобеъи | ҶШС Тоҷикистон, Округи Кӯлоб, Вилояти Кӯлоб |
Шомили | 7 совети қишлоқ |
Маркази маъмурӣ | Сари-Хосор |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 1936 |
Таърихи пошхӯрӣ | 26 декабри 1952 |
Масоҳат | 0,9 ҳаз. км² |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 15 002 нафар (1939) |
Ноҳияи Сари-Хосор дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон дар соли 1936 аз қисми ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг ташкил шуда буд.
Дар соли 1938 ноҳияи Сари-Хосор ба округи Кӯлоб, 27 октябри соли 1939 — ба вилояти Кӯлоб дохил буд.
26 майи соли 1952 дар ноҳияи Сари-Хосор советҳои қишлоқии Айлонӣ, Вахинак, Дашти-Шӯро ва Зуваир барҳам дода шуданд.
26 декабри соли 1952 ноҳияи Сари-Хосор барҳам дода шуда, қаламраваш ба ноҳияи Балҷувон гузашт[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сел союзных республик СССР
- ↑ А. И. Кошелева, П. А. Васильев. Административно-территориальное деление Таджикистана (исторический очерк). — Сталинабад, 1948. — 48 с.