Ноҳияи Сӯх

(Тағйири масир аз Ноҳияи Сух)

Ноҳияи Сӯх (ӯзбакӣ: So‘x tumani, қирғ. Сох району) — ноҳия, воҳиди маъмурӣ дар ҳайати вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Маркази маъмурӣ — шаҳарчаи Равон. Номи «Сӯх» аз калимаи форсӣ-тоҷикии «сӯх-тан» [سوختن] баромадааст.

Ноҳияи Сӯх
39°57′00″ а. шим. 71°07′12″ т. ш.HGЯO
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Равон (Ӯзбекистон)
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1942
Масоҳат
  • 352 км²
Баландӣ
1 085 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 PK-IS
Ноҳияи Сӯх дар харита
Ноҳияи Сӯх дар харита
Enclaves in Kyrgyzstan RU.svg

Ноҳияи Сӯх — воҳиди мустаъқили маъмурест дар ҳайати вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар дохили ҳудуди Қирғизистон ҷойгир шудааст. (анклави Қирғизистон).

ҶуғрофияВироиш

АҳолӣВироиш

Ноҳияи Сӯх аз 19 ҷамоатҳои маҳаллӣ иборат аст ва шумораи аҳолиаш беш аз — 80 ҳаз. наф., Ҳайати миллӣ: 99,8 % тоҷикон, 0,1 % қирғизҳо, 0,1 % ӯзбекҳо ва диг.[2].

Вазъи забони маҳалВироиш

Аҳолии тоҷикзабони Сӯх ба лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ сухан меронанд, ва аз рӯи классификация ба гурӯҳи «ҷанубиӣ-фарғонагӣ» дохи шуда ба 2 гурӯҳ: якум — ниёкони водӣ, ки ба туркикунонӣ ва ассимилятсияи қабилаҳои туркзабон гирифтор нашудаанд: дуюм — ниёкони муҳоҷирони ноҳияҳои кӯҳистонӣ, аз Қаротегин ва ба миқдори кам, аз дигар минтақаҳо: Самарқанд, Сомғар, Хуҷанд, мебошанд, ки дар ҳудуди ҷанубу ғарбии водии Сӯх истиқомат мекунанд.

Аксарияти сокинон бо 1 забон сухан мегӯянд (тоҷикӣ). ВАО ноҳия, рӯзномаҳои «Садои Сӯх» ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Дар 30 мактаб ва 4 коллеҷи водии Сӯх ҷойгир аст. Аз он 4 коллеҷ, 29 то мактаб ба забони тоҷикӣ, ва 1 то забони узбекӣ таҳсил мегиранд. Баъди пош хурдани СССР муносибатҳои фарҳангии ноҳияи Сӯх бо аҳолии тоҷикони Тоҷикистон хотима ёфтааст. Лекин базеҳо этиқод доранд ки инҳо аз форс ташкил шудаанд.[3].

Тақсимоти маъмурӣВироиш

ЭзоҳВироиш