Ноҳияи Фирдавсӣ (собиқ ноҳияи Марказӣ) — яке аз чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе (Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ воқеъ дар хиёбони Неъмат Қаробоев, 40). Ба ифтихори Абулқосим Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст.

Ноҳияи Фирдавсӣ
тоҷикӣ: Ноҳияи Фирдавсӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Душанбе
Раиси ноҳия Гуреззода Умед Зариф (аз 2023)[1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 28.01.1939
Масоҳат 54,47 км² (26,8 %, 2-ум ҷой)
Аҳолӣ
Аҳолӣ 209 ҳаз. нафар (2019)(24,7 %, 2-ум ҷой)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Вебгоҳи расмӣ(тоҷ.)

Таърих

вироиш

28 январи 1939 ташкил гардидааст. То соли 2003 ноҳияи Марказӣ ном дошт. Сарҳадҳо: аз пули роҳи оҳан ва дарёи Душанбе аз тариқи хиёбони Саъдии Шерозӣ (тарафи ҷуфт) то Сирк, бо хиёбони Неъмат Қаробоев, кӯчаи Раҳмон Набиев ва Борбад (тарафи ҷуфт) то сарҳадди ноҳияи Рӯдакӣ, аз қисмати ҷанубаш — маҳаллаи Гулбутта ва Кофарниҳон. Ҳудуди ноҳия бо дарёи Душанбе ба соҳили рост ва чап тақсим шудааст (нигар нақша). Масоҳаташ — 29,1 км²; аз ҷумла дарахтзору гулзорҳо — 188640 м². Аҳолиаш — 190,0 ҳазор нафар (2014). 70 хиёбону кӯча, 78 гузар, 3 гузаргоҳи зеризаминӣ дорад. Дарозии роҳҳо — 137,2 км.

Корхонаҳо

вироиш

Дар ҳудуди ноҳия чунин муассисаву корхонаҳо ҷойгиранд: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллегияи низомии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди низомии гарнизони Душанбе, Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Курсҳои такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводди нашъадор дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; КВД Пажӯҳишгоҳи илмӣ- таҳқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз», Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», ҶСК «Тоҷиккомунпроект», Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ, Суди ноҳияи Фирдавсӣ, Раёсати андози шаҳри Душанбе, Агентии «Тоҷик- стандарт», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди шаҳрӣ, Бонки Эсхата, Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстил», Хонаи Эрон (бинои собиқ «Тоҷиқатлас»), «Комбинати панир»; корхонаҳои тармиму сохтмони «Душанбестрой», «Сохтмони махсус», «Роҳсоз»; заводҳои «ЖБК-3», ҶДМ «Дизел»; институтҳои байторӣ, саноат, бунёди иншоотҳои зеризаминии осиёимиёнагӣ, «Гидроэнергопроект», фарҳангу иттилоот; 3 мактаби олӣ (Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон), Коллеҷи муҳандисиву омӯзгории Душанбе, Техникуми геологии ба номи С. Юсуфова; Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Маркази ҷумҳуриявии саломатии бемориҳои рӯҳии бачагону наврасон; федератсияҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон: гӯштини тоҷикӣ, гӯштини юнону румӣ, «Каратэ- до», тирпарронӣ, Шӯрои марказии Федератсияи ҷамъиятҳои варзишии «Тоҷикистон», Ассотсиатсияи «Таэквон-до»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ҷумҳуриявии ҷамъияти варзиши ихтиёрии «Захираҳои меҳнатӣ»; идораи рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Тоҷикистон», «Бизнес и политика», «Чархи гардун», «Вечерний Душанбе», маҷаллаҳои «Хорпуштак», «Истиқбол», «Бойчечак», «Рангинкамон», нашриёти «Шарқи озод», «Ирфон», «Адиб», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Маркази миллии ташхис, Маркази тандурустии «Истиқлол», Маркази наркологии ҷумҳурӣ, беморхонаи низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Сирки давлатӣ», боғи фарҳангу фароғати «Дӯстии халқҳо», бозорҳои «Саховат», «Султони Кабир», «Корвон». Дар ноҳия 2 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, 2 литсей, 3 гимназия, 22 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, коллеҷ ва мактаби мусиқӣ, мактаб-интернат барои бачаҳои ноқис, маркази зебоишиносӣ ва эҷодии бачагон, хонаи кӯдакон, 22 кӯдакистону боғча, беш аз 110 муассисаи тиббӣ ва варзишӣ (аз ҷумла 5 дармонгоҳ, 2 мактаби варзишӣ, маҷмааи варзишу табобат, 2 варзишгоҳ, 37 толори варзиш, 65 майдончаи варзиш) фаъолият менамоянд.

Вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия — 37 нафар. Дар ноҳия 15 Шӯрои маҳалла («Яккачинор», «Равшангарон», «Крупская», «Гулбутта», «Машъал», «Ҳосилот», «Дарвоз», «Дӯстӣ», «Наврӯз», «Ором», «Алочабофон», «Шодиён», «Бӯстон», «Қаротегин», «Маърифат»), 9 шӯрои шаҳракҳо, 25 ҷойи ҷамъиятӣ, 24 ҷой барои ба ҷо овардани маросимҳои миллӣ, 13 муассисаи динӣ (аз ҷумла 3 масҷиди ҷомеъ ва 10 масҷиди панҷвақта), 12 созмони ҷамъиятӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ, аз ҷумла ташкилоти ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон; Ҳизбҳои халқии демократӣ, демократӣ, коммунистии Тоҷикистон; Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат, Иттиҳодияҳои ҷавонон, бонувон; Ассотсиатсияи куриёиҳои Тоҷикистон ва ғайра мавҷуданд.

Адабиёт

вироиш