Вулусволии Шуғнон
Вулусволии Шуғнон | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Афғонистон |
Вилоят : | Бадахшон |
Марказ: | Баршор |
Замони таъсис : | |
Раиси ноҳия: | |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 3528 km2 |
Шумораи шаҳракҳо : | 1 |
Шумораи Рустоҳо : | 28 |
Мардум | |
Аҳолӣ (2011) : | 27,750 кас |
Забони расмӣ : | Форсӣ, Пашту |
Забонҳои гуфторӣ : | Шуғнонӣ |
Мазҳаб : | Ислом — Исмоилӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | SH |
Код ISO : | AF.BDS.SH |
Пешшумора : | |
Нишонии почта : | |
Замон : | UTC+4:30 |
Вебгоҳ : | |
Шумораи мошинҳо : |
Вулусволии Шуғнон (форсӣ: ولسوالی شغنان) — яке аз вулусволиҳои вилояти Бадахшон аст ва дар шимолу шарқи Афғонистон ҷой дорад.
Маркази ин вулусволӣ рустои Баршор аст, ки 150 килуметр шимолтар аз шаҳри Файзобод — маркази вилояти Бадахшон ҷой дорад.
Ҷойгоҳ
вироишВулусволии Шуғнон аз шимолу шарқ бо рӯди Панҷ маҳдуд шуда ва бо ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнон аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммарз аст ва дар шимол бо вулусволии Дарвози Поин, дар ғарб бо вулусволии Арғанҷхоҳ ва дар ҷануб бо вулусволии Ишкошим ҳамсоя аст. Масоҳати ин вулусволӣ 3125 килуметри мураббаъ аст.
Мардум
вироишҶамъияти вулусволии Шуғнон камубеш 39 000 нафар буда ва дар 19 русто зиндагӣ ба сар мебарад. Бошандагони ин вулусволиро шуғнониён ва рушониён ташкил медиҳанд, ки ба мардуми шарқи-эронии помирӣ тааллуқ доранд ва бештар мардуми Шуғнон ба забони форсӣ ошноӣ доранд. Мардуми ин вулусволӣ шиъамазҳаб ва бештар исмоилӣ ва андаке дувоздаҳимомӣ мебошанд.
Ҷуғрофиёи табиъӣ
вироишШуғнон бино бар доштани кӯҳҳои баланд сарзамине бисёр душворгузар аст, бавижа дар зимистон бо резиши барф тақрибан ҳама роҳҳои рафту омад ба ин вулусволӣ банд мешаванд. Тобистон дар ин сарзамин кӯтоҳмуддату нисбатан гарму хушк ва зимистон бисёр сарду дарозмуддат аст.
Деҳаҳо
вироиш- Дарморахт
- Ғорҷвин
- Пастев
- Андегъдз
- Хъева
- Вирудъҷ (Деҳи Мурғон)
- Бахъор
- Вир
- Сарчашма
- Дъишор
- Хъидвуд
- Ниводак
- Цахънуд
- Руботен
- Пагор
- Човед
- Ёрх
- Шайхен
- Чоснуд
- Тангхъев