Нурсел Кёсе
Нурсел Кёсе (тур. Nursel Köse, тав. 29 марти соли 1961; Малатиё, Туркия)[1] — ҳунарпешаи телевизион, синамо ва театри турк.
тур. Nursel Köse | |
| |
Таърихи таваллуд: | 29 март 1961 (63 сол) |
Зодгоҳ: | Малатиё, Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 1988-то ҳол |
Самт: | синамо, телевизион |
IMDb: | ID 0462958 |
nurselkoese.com(тур.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишНурсел Кёсе дар оилаи калон таваллуд шудааст. Падари ӯ хизматчии давлатӣ ва модараш хонашин буданд. Дар синни 17-солагӣ, вай барои таҳсили меъморӣ дар Донишгоҳи Кёлн ба Олмон рафт. Пас аз хатм, Нурсел Кёсе дар Олмон ба ҳайси меъмор кор кардааст.
Фаъолият
вироишДар донишҷӯӣ вай барои радиои театрӣ матн менавишт ва барои кӯдакон ва калонсолон намоишҳои гуногуни театрӣ ташкил мекард. Баъдтар, Нурсел Кёсе дар Олмон гурӯҳи занонаи кабареро бо номи Die Bodenkosmetikerinnen таъсис дод. Дар ин гурӯҳ, ӯ ба ҳайси коргардон, ҳунарпеша ва муаллифи суруд кор кардааст. Ансамбл аз солҳои 1992 то 1997 ба Олмон ва кишварҳои олмонизабон сафар кардааст.
Соли 1988 ҳунарпеша нақши Оминаро дар филми машҳури Харк Бом "Yasemin" бозид. Вай ба ҷуз аз филмҳо, дар сериалҳои "СОКО Кёлн", "Мюнхен 7", "Адвокати оилавӣ", "Туркия барои шурӯъкунандагон" низ нақш бозидааст. Соли 2007, Нурсел Кёсе дар филми олмонӣ "Une grande fille comme toi" пешбарӣ шудааст. Барои баромади худ дар 44-умин ҷашнвораи Анталия вай ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаи наққоширо ба даст овард. Соли 2014, ӯ дар силсилафилми машҳури телевизионии Paramparça хоҳари арӯси бадкирдор Кериманро бозӣ кард.
Соли 2015 вай ба ҳайати бозигарони филми дигари олмонии "Назорати пурра" ҳамроҳ шуд, ки коргардони он Элмар Фишер мебошад. Соли 2016 вай дар кинокомедияи туркии "Kaçma Birader" нақш бозидааст. Соли 2019 вай дар силсилафилми "Кабутар" нақши Кавсарро бозид. Кавсар модари Канъон, Оккеш ва Нефис мебошад. Зани тавоно ва ҷасур. 15 сол қабл шавҳари ӯро куштанд. Ҷинояткорро ба зиндон фиристоданд, аммо Кавсар ҳеч гоҳ оромиро ёфта натавонист. Вай бо писари калониаш хуб муносибат намекунад, аммо писари дуюмашро хеле дӯст медорад.
Ҳаёти шахсӣ
вироишВай бо скрипканавоз Улрих Мертин издивоҷ кардааст.
Филмнома
вироишФилм
вироишСол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
1988 | Yasemin | Омина | |
2001 | Anam | ||
2003 | Une grande fille comme toi | Телефилм | |
2003 | Savannah | Дубонет | Телефилм |
2004 | Kebab Connection | Хатича | |
2005 | Eine andere Liga | ||
2007 | Yaşamın Kıyısında | ||
2009 | 7 Avlu | Зарифа | |
2010 | Ayrılık | Гул | |
2011 | Kardelen | Хатича | |
2011 | 72. Koğuş | Надима | |
2011 | Merhaba | Холаи Мино | |
2011 | Anduni - Fremde Heimat | ||
2012 | Dedeler En Iyisini Bilir | Мақбула | |
2013 | 300 Worte Deutsch | Холаи Дамла | |
2014 | Kuzu | София | |
2016 | Kaçma Birader | Зулайхо |
Силсилафилм
вироиш- 2004 - SOKO Köln - Оиша
- 2005 - Sessiz gece - Айлин
- 2006 - Köprü - Солиҳа Хонум
- 2007 - Türkisch für Anfänger - Гулҷон Сулаймон
- 2007 - Kavak Yelleri - Нур Севен
- 2007 - Kartallar Yüksek Uçar - Мабрура
- 2007 - Die Familienanwältin - Хонуми Йилмаз
- 2008 - Kalpsiz Adam - Мелиха
- 2008 - Tatort
- 2008 - Großstadtrevier
- 2009 - Mordkommission Istanbul - Елда Акдамар
- 2009 - Kış Masalı
- 2010 - Çok Güzel Hareketler Bunlar
- 2011 - Al Yazmalım - Марямхон
- 2012 - Kötü Yol - Бодия
- 2012 - München 7 - Оиша Армут
- 2014 - Paramparça - Каримон[2]
- 2018 - Avlu - Қудрат Озтурк
- 2019 - Güvercin - Кавсар
- 2021- Arıza - Берузор
Китобҳо
вироиш- 1996 – Der Liebe zum Trotz / Sevdaya İnat
- 1997 – Hafızamda Oturuyorsun
- 2000 – Ütopya
- 2000 – WDR
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Nursel Köse. Türk Sineması Araştırmaları. 16 апрели 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 Декабри 2015.
- ↑ Paramparça Бойгонӣ шудааст 19 феврали 2017 сол., Publisher: Star TV.
- ↑ Nursel Köse. Nursel Köse. 16 апрели 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 апрели 2016.