Мирғуломалӣ ибни Нӯҳ Ҳусайнии Воситӣ (форсӣ: میر غلام‌علی بن نوح حسینی واسطی‎), маъруф ба Озоди Билгромӣ (форсӣ: آزاد بلگرامی‎; 29 июн 1704[1][2], Балгиром, Q16626428?15 сентябр 1786[1][2], Аврангобод, Роҷи Бритониё) — ориф, шоир ва тазкиранависи форсизабони Ҳиндустон.

Озоди Билгромӣ
Таърихи таваллуд: 29 июн 1704(1704-06-29)[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 15 сентябр 1786(1786-09-15)[1][2] (82 сол)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: муаррих, шоир
Забони осор: арабӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар назди уламову фузалои Ҳиндустон таҳсил кардааст. Илми адабиёт ва таърихро аз олими маъруфи замонаш Абдулҷалили Балгироми омӯхтааст.

Озод пас аз таҳсили Мадраса тақрибан дар 34-солагӣ ҳамчун донишманди замон шӯҳрат меёбад. Ӯ бисёр шаҳрҳои Ҳиндустону Эрон ва мамлакатҳои арабро саёҳат карда, бо намояндаго- ни илму адаби ин кишварҳо сӯҳбат намуда, оид ба зиндагӣ ва мероси адабии онҳо санаду ҳуҷҷатҳо гирд меорад, ки барои таълифи тазкираҳо ва асарҳои таърихию адабӣ ба ӯ ёрӣ расонданд.

Аз Озод осори илмию адабии пурқимате боқӣ мондааст, ки муҳимтарини онҳо тазкираҳои «Яди байзо», «Хизонаи омира» ва «Сарви озод», асарҳои таърихию ҷуғрофии «Маосир-ул-киром», «Сабдат-ул-марҷон фӣ осор-ил-Ҳиндустон», «Равзат-ул- авлиё», девонҳои форсию арабӣ ва ашъори пароканда мебошанд. Таз­кираҳои Озод дар омӯхтани таърихи адабиёти форс-тоҷик ва робитаи ада­бии Ҳинду Мовароуннаҳр аҳамияти илмию адабӣ доранд.

Адабиёт

вироиш
  • Озод Мирғуломалихон // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).