Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова (зод. 10 июни 1948, ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон) — ҳуқуқшиноси тоҷик ва сарвари созмони «Перспектива +» аст.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова
Сурат
Таърихи таваллуд 10 июн 1948(1948-06-10)
Зодгоҳ Ёвон ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон Тоҷикистон
Пеша фаъоли ҳуқуқи башар, ҳуқуқдон
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Ойниҳол Бобоназарова соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи улум кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Соли 1990, дар пайи таъсиси ҳизби демократи Шодмон Юсуф ба ин ҳизб пайваст.

Соли 1994, дар пайи ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, тақрибан барои як моҳ боздошт шуд. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Аз соли 2007 раҳбари созмони ғайридавлатии «Перспектива +», ки дар ҳоли ҳозир яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Баъди имзои Cозишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин, ба мақоми муовини додситони кулл пешбарӣ шуд, вале ин мақомро напазируфт.

Интихобот 2013

вироиш

Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) номзадии Ойниҳол Бобоназарова барои ширкат дар интихоботи президентиро эълон кард.[1][2] Таъйин шудани Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва фаъоли сиёсӣ ба ҳайси номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» вокунишҳои зиёдеро ба миён овардааст. Ҳатто бархе аз онҳо аз ин ҳуқуқдони тоҷик, ки имрӯз (10 сентябри соли 2013) дар нишасти навбатии ИНИТ расман номзади ягонаи ин иттиҳод эълон гардид, хостаанд, то ин пешниҳодро қабул накунад.[3]

Шавҳараш Ҷунайдулло Ибодов аз ҳуқуқшиносҳои маъруфи тоҷик аст. Духтараш Парвина Ибодова раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет буда, писараш Ҷовид дар Шӯрои адлия кор мекунад. Домоду келинаш низ ҳуқуқшиносанд. Ойниҳол Бобоназарова 4 набера дорад.[4]

Ҷоиза

вироиш

Соли 2013 Ойниҳол Бобоназарова барандаи ҷоизаи «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқ»-и «Бюро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва риояи қонун» шуд. Яке аз 10 ҷоизаи «Шуҷоати зан» аз сӯи вазорати умури хориҷии Амрико дар соли 2014, насиби ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик Ойниҳол Бобоназарова шудааст. Маросими тақдими ҷоизаҳо рӯзи 4 март соли 2014 дар бинои Вазорати умури хориҷии Амрико дар Вошингтон баргузор шуда ва ҷоизаи «Шуҷоати зан» дар соли 2014-ро ба Ойниҳол Бобоназарова, хонуми аввали Амрико Мишел Обама тақдим кардааст.[5]

Пайвандҳо

вироиш
  1. Ойниҳол Бобоназарова: «Ман пирӯз мешавам, агар…» (Радиои Озодӣ) http://www.ozodi.org/content/reformist-forces-have-chosen-their-joint-candidate/25099848.html
  2. Ойниҳол Бобоназарова номзади ягона аз мухолифин эълон шуд (Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» http://news.tj/tj/news/oini-ol-bobonazarova-nomzadi-yagona-az-mukholifin-elon-shud Бойгонӣ шудааст 2 июли 2018  сол.
  3. Вокунишҳо ба номзадии Ойниҳол Бобоназарова дар Фейсбук (Озодагон) http://www.ozodagon.com/casia/tj/12249-vokunishi-feysbukio.html
  4. Назари таҳлилгарон ба номзадии Ойниҳол Бобоназарова — (Радиои Озодӣ) http://www.ozodi.org/content/article/25100724.html
  5. Ҷоизаи International Women of Courage «Шуҷоати зан» ба Ойниҳол Бобоназарова — (Радиои Озодӣ) http://www.ozodi.org/content/international-women-award-of-courage-to-oinihol-bobonazarova/25285722.html