Олимҷон Бобоев (тав. 5 январи 1952, деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1993), профессор (1994), академики Академияи байналмилалии нақлиёт. Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999), сиёсатмадор, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон[1], собиқ вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон[2].

Олимҷон Бобоев
Таърихи таваллуд 5 январ 1952(1952-01-05) (72 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҳисор
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи политехникии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (1999)

Зиндагинома

вироиш

Олимҷон Бобоев 5 январи 1952 дар деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси муҳандис хатм намудааст. Фаъолияти кориашро ҳамчун ассистенти кафедраи иқтисод ва ташкили истеҳсолот дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон шурӯъ кардааст.

  • 1975—1979 — аспиранти академияи идораи давлатии шаҳри Москва ба номи С. Орҷеникидзе,
  • 1979—1991 — ассистент, дотсент, мудири кафедраи иқтисод ва ташкили нақлиёи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон,
  • 1991—1993 — докторанти институти иқтисодии ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон‎,
  • 1993—1994 — декани Донишкадаи политехникии Тоҷикистон,
  • 1994—2000 — ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,
  • 2001—2003 — директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти илмии «Нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • 2003—2008 — ректори Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон,
  • 2008—2009 — муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • 2009—2010 — ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон,
  • 2010—2011 — Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • 2011—2015 — директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва мардумшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон‎.[3]

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи беш аз 100 мақолаву китоб ва рисолаи илмӣ, ки дар онҳо асосҳои иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ, масъалаҳои ташкил ва идораи корхона дар шароити бозор, мутобиқсозии корхонаҳои саноатӣ бо бозор вобаста ба омили нақлиёт, масъалаҳои логистикаи бозор ва таҳлилу барномасозии макроиқтисодӣ таҳқиқу баррасӣ шудаанд.

Фаъолияти сиёсӣ

вироиш

Олимҷон Бобоев дар Анҷумани якуми Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (соли 2005) раиси ҳизб интихоб гардидааст ва ҳамчун раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ширкат меварзад.

Ӯ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳайси номзад иштирок намуда пас аз Эмомалӣ Раҳмон (ғолиби интихоботи президентиӣ), бештари овозҳоро (6,2 дарсад) дар байни номзадҳои дигар дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ба даст оварда буд.

Бори дуюм Олимҷон Бобоев ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи соли 2013 иштирок кардааст. Ӯ ин дафъа (3,91 дарсад) овозҳои интихобкунандагонро ҷамъ оварда буд.[4]

Олимҷон Бобоев дар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 иштирок намудаааст. Ӯ 1 марти соли 2015 аз аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V интихоб шудааст.[5]

  • Путы повышения организационно-технического уровня развития предприятий (монография). Д., 1991;
  • Асосҳои иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ. Д., 1996;
  • Нақшаи соҳибкорӣ (ҳаммуалиф), Д., 1997;
  • Логистикаи бозор. Д., 1998;
  • Ташкил ва идораи корхона. Д., 2006;
  • Маркетолгистика. Д., 2012;
  • Масъалаҳои ташкил ва идораи корхона дар шароити бозор. Д., 2012.
  1. http://www.ozodi.org/content/article/603305.html Ҳизби «Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон» чӣ ҳадаф дорад? Озоди 20 сентябри соли 2005
  2. http://tojnews.tj/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=3681(пайванди дастнорас) Олим Бобоев: Қонунҳои бахши назорати ҳаракати нақлиёт тағйирталабанд
  3. news.tj БОБОЕВ Олимҷон(пайванди дастнорас)
  4. http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/09/130920_mm_elex_election_babaev.shtml BBC Тоҷикӣ 20 сентябр с. 2013
  5. КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 11 октябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.

Адабиёт

вироиш