Олучаи тоҷикистонӣ

Олучаи тоҷикистонӣ (лот. Prunus tadshikistanica[2]) — буттаи мевадорест аз сардаи олу ва баландиаш 1—2 метр.

Олучаи тоҷикистонӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Prunus tadshikistanica

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Баргаш мудаввари байзашакл (дарозиаш 3—4,5 сантиметр, бараш 2—2,5 сантиметр), гулаш майда (диаметраш 1—1,2 сантиметр), сафед, мевааш дарозрӯяи сиёҳ (то 3 сантиметр). Моҳи апрел мешукуфад; мевааш сентябр мепазад. Дар соҳилҳо, нишебиҳои буттазори гармсер ва ғайра (1200—2600 метр аз сатҳи баҳр) мерӯяд. Хоси Помиру Олой (қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Помири Ғарбӣ) мебошад. Онро дар боғҳои Помири Ғарбӣ парвариш мекунанд.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. Слива таджикистанская - Prunus tadzhikistanica. www.plantarium.ru. Плантариум. 26 Январ 2023 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш