Отабеки Ғойибрӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2014)

Отабеки Ғойиб
Отабеки Ғойиб
Таърихи таваллуд: 24 март 1959(1959-03-24) (65 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ваҳдат
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, нависанда
Ҷоизаҳо: Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Зиндагинома

вироиш

Отабеки Ғойиб 24 марти соли 1959 дар деҳаи Сафедҷари ноҳияи Ваҳдат ба ҷаҳон омадааст. Солҳои 1966-1976 дар мактаби миёнаи №14 ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил кардааст. Соли 1978 дар Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтаи Душанбе ба кор пардохтааст. Баъди як сол донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шуда, соли 1986 анҷом додааст. Сипас дар рӯзномаи «Халқ овози» (собиқ «Совет Тожикистони») ба кор пардохта, фаъолияташро моҳи апрели соли 1993 дар бахши ӯзбекии Идораи барномаҳои иттилоотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давом додааст. Аз моҳи июли соли 1995 шореҳи идораи барномаҳои иттилоотии телевизион, ҳамзамон, аз моҳи июни соли 2007, муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии шабакаи «Овози тоҷик» мебошад.Аз соли 2014 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт

вироиш

Қиссаву ҳикоя менависад. Офаридаҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Изтироб» (қисса, 1998), «Як каф дуъо» (2001), «Бозгашти шутурҳои сафед» (2010), «Марги соли чӯпон» (2011) ва ғ. интишор ёфтаанд.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;
  • Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Нишони фахрии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон».[1]

Сарчашма

вироиш
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.77 ISBN 978-99947-2-379-9