Вашт
Вашт (форсӣ: وشت) — ягоне тактикӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ, ки аз ду ё бештар таҳм ташкил шуда ва бахше аз гурдон ё ягоне ҷудогона аст; гурӯҳон[1], рота[2].
Ягонҳои низомӣ | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
Рада | 2—5 | Радабон |
Гурӯҳ | 5—10 | Гурӯҳбон |
Таҳм | 10—50 | Таҳмбон |
Вашт | 50—150 | Сарвашт |
Гурдон | 150—700 | Саргурд |
Ҳанг | 700—1 500 | Сарҳанг |
Гунд | 1 500—5 000 | Гундсолор |
Лашкар | 5 000—20 000 | Лашкарсолор |
Сипоҳ | 20 000—40 000 | Сипаҳсолор |
Артиш | 40 000 + | Артишсолор |
ПешинаВироиш
Вашт (порсии миёна: wašt > паҳлавӣ: wast «сада, бахше аз сипоҳ») ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву «сада» (порсии бостон: *θata-) номида мешуда ва онро «садабад» (порсии бостон: *θata-pati-) фармондеҳӣ мекард[3]. Ҳар сада аз 10 даҳа (порсии бостон: *daθa-) ташкил мешуд ва 100 сарбозро дар бар мегирифт.
Дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[4], сада «васт» (паҳлавӣ: wast) ном гирифта ва фармондеҳи он «васт-солор» (паҳлавӣ: wast-sālār) хонда мешуд[5].
Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ба кор мерафта, вале ин ягон «вашт» (порсии миёна: wašt) хонда мешудаву 500 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳаш «вашт-солор» (порсии миёна: wašt-sālār) номида мешудааст[6].
Ин истилоҳро арманиҳо дар замони Сосониён аз эрониён вом гирифтаву ҳануз ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон «рота»-ро «вашт» (арманӣ. Վաշտ) меноманд[7].
Бо таваҷҷуҳ ба ин пешина, вожаҳои «вашт» ва «сарвашт», ки аз он сохта шудааст, барои ҷойгузин кардани вомвожаҳои русии «рота» (аз лаҳӣ: rota > олмонӣ: Rotte «гурӯҳ, даста») ва «капитан» (аз фр. capitaine > лот. capitaneus «сардор, саркарда») ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[8].
ЭзоҳВироиш
- ↑ Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161
- ↑ Коллектив авторов. Том 7, статья «Рота» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2003. — С. 282-283. — 735 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-001874-X.
- ↑ W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975, p. 87
- ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
- ↑ Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
- ↑ Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
- ↑ Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360-464.
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной