Оқомуҳаммадхони Қоҷор

Оқомуҳаммадхони Қоҷор, Оқомуҳаммадшоҳи Қоҷор (форсӣ: آغا محمد شاه قاجار‎, озарбойҷонӣ: Ağa Məhəmməd şah Qacar; 1742[1][2][3], Гургон17 июн 1797[4][2][5], Шӯша) — шоҳи Эрон (1776—97), асосгузори сулолаи Қоҷориён.

Оқомуҳаммадхони Қоҷор
форсӣ: آغا محمد خان قاجار
озарбойҷонӣ: Ağa Məhəmməd şah Qacar
1789 — 17 июн 1797
Пешгузашта Lotf Ali Khan[d]
Ҷонишин Фатҳалишоҳи Қоҷор
Таваллуд 1742[1][2][3]
Даргузашт 17 июн 1797(1797-06-17)[4][2][5]
Мадфан
Дудмон Қоҷориён
Падар Муҳаммадҳасанхони Қоҷор[d]
Модар Jeeran Khanum[d]
Ҳамсар Maryam Khanom[d] ва Asiye Khanum Ezzeddin Qajar[d]
Эътиқод шиъа
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ӯ сарвари муборизаи қоҷор ба муқобили зандхо буд, ки соли 1794 бо ғалабаи қоҷорҳо анҷом ёфт. Соли 1786 Теҳронро пойтахт эълон кард.

Нисбат ба душманони худ ва шӯришгарон беамон буд. Соли 1795 ба Озарбойҷон ва Гурҷистон тохта, Тифлисро тороҷ на­муд. Ҳангоми ҳуҷуми дуюмборааш ба Қафқози Ҷанубӣ (1797) бо дасти дарбориён кушта шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Оқомуҳаммадхони Қоҷор // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).