Пайванди Гулмуродзода
Пайванди Гулмуродзода (20 июли 1956, ноҳияи Фориш, вилояти Ҷиззах, ҶШС Узбакистон — 7 апрели 2013, ноҳияи Рӯдакӣ, Тоҷикистон) — омӯзгор ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик, номзади илмҳои филология, дотсент. Узви Иттифоқи журналистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
| |
Таърихи таваллуд | 20 июл 1956 |
Зодгоҳ | вилояти Ҷиззах, ҶШС Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт | 7 апрел 2013 (56 сол) |
Маҳалли даргузашт | ноҳияи Рӯдакӣ, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | адабиёт |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Шаблон:(медали «Хидмати шоиста» (2001), , «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон» |
Таваллуд
вироишПайванди Гулмуродзода 20 июли соли 1956 дар деҳаи тоҷикнишини Ӯхми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ба дунё омадааст.
Таҳсил ва фаъолият
вироишСоли 1973 дар зодгоҳаш мактаби тоҷикии рақами 14 ба номи Садриддин Айниро ба итмом расонда, ҳамон сол ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуд ва соли 1978 онро бо ихтисоси филолог-журналист бо дипломи аъло хатм намуд.
Баъди итмоми донишгоҳ аз 4 октябри соли 1978 то 1 январи соли 1980 дар Саридораи ахбори радиои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба сифати муҳаррир кор кард ва аз соли 1980 то охири умр ба ҳайси аспирант, муаллими калон, дотсент, докторант дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Пайванди Гулмуродзода аз 15 ноябри соли 1986 то 22 августи соли 1989 дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсил намуда, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ташаккули публитсистикаи шӯравии тоҷик (1917—1929)» бо ихтисоси 10.01.01-Журналистика ҳимоя кард.
Баъди бозгашт ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввал чун муаллими калон, аз соли 1991 ба ҳайси дотсенти кафедраи «Журналистика ва адабиёти халқҳои шӯравӣ» (ҳоло «Матбуот») кор кард.
Аз соли 1992 то соли 1996 дар вазифаи муовини декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва солҳои 1996—2001, 2005—2006 ба ҳайси декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Соли 1997 нашрияи таълимии факултети журналистикаи ДМТ «Қалам» ва баҳори ҳамон сол фаслномаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии «Гули мурод»-ро таъсис дод.
Пайванди Гулмуродзода муҳаққиқи варзидаи публитсистикаи ибтидои садаи 20-и тоҷик мебошад. Дар пажӯҳишҳояш масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи хоса доранд.
Бо таваҷҷуҳ ба он ки Пайванди Гулмуродзода ба таҳқиқи масъалаҳои маорифпарварӣ сари кор дошт, андешаҳояш маорифпарварона буд ва ин ҷиҳат дар навиштаҳояш низ мақоми вижа касб кардааст. Таҳти роҳбарии мавсуф 5 нафар муҳаққиқони ҷавон рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд.
Ӯ дар солҳои охири умр дар факултети журналистикаи ДМТ ва Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Ӯ аъзои Иттифоқи журналистон (соли 1988) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (соли 1998) буда, барои хидматҳояш дар рушду нумӯи адабиёту фарҳанг ва журналистикаи тоҷик бо чандин ифтихорномаву медалу нишонҳо сарфароз гардидааст. Аз ҷумла, барандаи ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, дорандаи нишонҳои сарисинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон», медали «Хидмати шоиста» (соли 2001), ифтихорномаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Пайванди Гулмуродзода муаллифи муаллифи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 220 очерку мақолаҳои публитсистӣ, чандин дастуру воситаҳои таълимӣ аст.
Осор
вироиш- очеркҳои «Сеҳри сухан» (соли 1984),
- «Дарё равон аст…» (соли 1986),
- «Илми кор мебояд» (соли 1990, дар ҳамқаламӣ бо Асадулло Саъдуллоев),
- «Шеваи омӯзиш» (соли 1990),
- «Моро маъзур доред, устод» (соли 1993),
- «Нон ва ном» (соли 1995),
- «Андешаи роҳ» (соли 1996),
- «Қуллаи мурод» (соли 1997),
- Дастурҳои таълимии «жанрҳои журналистикаи советии тоҷик» (соли 1989, дар ҳамқаламӣ бо Абдусаттор Нуралиев, Асадулло Саъдуллоев ва Иброҳим Усмонов)
- «Публицистика и время». Монография. (соли 2005).
- «Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон». Маҷмӯаи мақолаҳо.(соли 2006),
- «Матбуоти тоҷик ва масоили гендерӣ» (соли 2007, дар ҳамқаламӣ бо Ҷовид Муқим),
- «Раҳнамои хатмкунанда» (соли 2009)[1].
Оила
вироишПайванди Гулмуродзода соҳиби 6 фарзанд мебошад: 5 писар ва 1 духтар.
Даргузашт
вироишПайванди Гулмуродзода шаби 7 ба 8 апрели соли 2013 дар синни 56-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб даргузашт ва дар оромгоҳи деҳаи Нишони Ленини ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.
Адабиёт дар бораи Пайванди Гулмуродзода
вироиш- М. Муродов. Аз замон то замон. — Душанбе, 2011;
- М. Муродов. Муҳаққиқ ва публитсист / Паёмномаи фарҳанг,2013. — С.119-123.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Пайванди Гулмуродзода. 23 апрели 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 апрели 2014.