Пайванд (кишоварзӣ)

Пайванд — навда (қаламча) ё муғҷа (чашмак)-и як рустанӣ (пайванддӯст)-ро ба ди­гараш (пайвандтак) пайвастан. Пайванд яке аз муҳимтарин усулҳои афзояши нашвии рустанӣ (ниг. Афзоиш) буда, дар ҷангалзорӣ, току боғдорӣ, рустанипарварӣ ва парвариши ниҳолу рустаниҳои орошӣ васеъ истифода мешавад. Пайванд барои нигоҳ доштани хусусиятҳои навъии рустаниҳои бисёрсола; иваз кардани пайвандтак, ки ба шароити обу ҳавои маҳал мувофиқ нест ё иваз кардани он бо пайванддӯсти хушҳосил, ба сармокасалӣ ва ҳашарот тобовар аҳамия­ти калон дорад; барои қувват додани сабзиш ё суст кардани он; тезонидани гулу меваи ниҳол ва ғайра низ ба кор мебаранд. Пайванд аз замонҳои хе­ле қадим маълум аст. Истифодаи пайванд аз финикиён ба карфгениҳою юнониҳо ва баъдтар ба римиҳо, аз онҳо ба Фаронсаю мамлакатҳои дигари Аврупои Ғарбӣ мегузарад. Суғдиҳо низ дар току боғдорӣ ба пайванд хеле моҳир будаанд.

Намуди умумии ниҳоли пайвандшуда.

Навъҳои пайванд

вироиш

Дар дунё зиёда аз 200 усули пайванд маълум буда, дар амал фақат 10—15 навъи онро ба кор мебаранд; ин навъҳо ба ду гурӯҳи асосӣ — муғҷапайванд ва қаламчапайванд тақсим мешаванд.

Муғҷапайванд

вироиш
 
Муғҷапайванд

Муғҷапайванд, пӯстпайванд ё баргпайванд, яке аз усулҳои маъмули пайванд буда, дар ниҳолхонаҳо acocaн барои зиёд кардани кӯчати дарахтони мевадор ва баъзе рустаниҳои ороишӣ истифода мешавад.

Хангоми муғҷапайванд навда кам сарф шуда, назар ба навъҳои дига­ри Пайванд сермаҳсул ва кораш осонтар аст. Ба туфайли муғҷапайванд ниҳол тез сабзида, бисёр умр мебинад. Дар шароити Тоҷикистон мӯғҷапайвандро аз 20 август то 30 сентябр гузаронидан лозим аст. Агар мӯғҷапайвандро бармаҳал (июн—июл) гузаронанд, баъзан муғҷа бедор шу­да, зимистон осеб мебинад. Агар муғчапайванд дер гузаронида шавад, он гоҳ барои дуруст васлшавии пайвандтаку пайванддӯст ва инкишофи он вақт ками мекунад.

Одатан ба­рои муғҷапайванд ниҳоли дусола ва баъзан навъи тезсабзи ниҳоли яксола (ғафсиаш 6—10 миллиметр)-ро интихоб мекунанд. Муғчаҳои калонро ба нав­даи ғафс ва хурдашро ба навдаи борик пайваст мекунанд. 5—7 рӯз пеш аз муғҷапайванд навдаҳои паҳлуии қисми поёни танаи пайвандтакро то гарданаи реша аз шохаҳои паҳлуӣ тоза карда, ба атрофаш хок мекашанд ва барои ковок шудани пӯсти танааш об мемонанд. Сипас, ҳангоми муғҷапайванд хоки атрофи пай­вандтакро ҳамвор карда, танаашро бо латта пок мекунанд.

Қаламчаҳоро барои муғҷапайванд аз тарафи офтобрӯяи дарахт гириф­та, нӯти онро, ки муғҷааш суст ин­кишоф ёфтааст, зуд мебуранд. Нав­даи қаламча (дарозиаш 30—40 сантиметр, ғафсиаш на камтар аз 6 миллиметр) бояд солим, мурҷаҳояш расида буда, набояд аз пайвандтак ғафс бошад. Қаламчаро дар арафаи Пайванд ё худи ҳа­мон рғз тайёр мекунанд ва паҳнаки барги онро 6—8 миллиметр боло бурида, фақат каме думчаи баргро (6—8 миллиметр) боқӣ мемонанд. Қаламчаро то истифода бурдан дар аррамайдаи нам ё зарфи обдор нигоҳ медоранд. Про­сесси муғҷапайванд дар расми 1 акс шудааст.

Пас аз 1,5—2 ҳафта ниҳолҳои пайвандиро аз назар мегузаронанд ва пайвандтаки ногирифтаро аз сари нав мепайванданд. Бандҳои пайвандтакҳои гирифтаро холӣ карда, хоки бехашро ковок мекунанд ва андаке об мемонанд. Баҳорон пеш аз ширадавонӣ пайвандтакро 7—10 сантиметр них гузошта (барои басгани навдаи пайвандӣ), болотар аз ҷои пайванд мебу­ранд. Барои он ки навдаҳои пайвандӣ аз шамол нашикананд, онҳоро баъд аз 6—8 сантиметр сабзидан ба пих мебанданд. Аммо бе истифодаи пих муғҷапайванд Осон ва сермаҳсул аст. Барои ин дар навбадор боло­тар аз Пайванд пайвандтакро мебуранд. Муғчапайвандӣ мустақилона на­зар ба навдаҳои басташуда хуб месабзад.

Қаламчапайванд

вироиш
 
Қаламчапайванд

Қаламчапайванд, навдапайвандро одатан навбаҳор (моҳи март) пеш аз ширадавонии дарахт мегузаронанд. Қаламчапайванд асосан дар боғдорӣ бо мақсади рӯёнидани навъҳои беҳтараш буттаву дарахти мевадор гузаронида меша­вад. Навдаҳоро барои қаламчапайванд тирамоҳ пеш аз оғози хунукӣ тайёр мекунанд ва то вақти Пайванд он­ҳоро дар зеркандҳои салқин дар peг ё аррамайдаи нам нигоҳ медоранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки қалам- чапайванд ‘аз навдаҳое, ки баҳорон пеш аз бедоршавии муғҷа тайёр кардаанд, хеле самарабахш аст. Усулҳои маъмули қаламчапайванд: исканапайванд, фонапайванд, қундоқипайванд, найчапайванд, купрукпайванд ва ғайра.

Исканапайванд

вироиш

Исканапайванд ангоми Пайванди пайвандтаки ғафс, масалан, дар вақти такроран Пайванд кардани да­рахтони мевадор ба кор бурда меша­вад. Барои ин танаи пайвандтакро мебуранд ва бо фонаи махсус кундаи онро ба чуқурии 5—10 сантиметр мекафонанд. Сипаc, ба ду паҳлуяш ду дона қаламчаи қисми поёнаш тарошидаро мегузоранд.

Фонапайванд

вироиш

Фонапайванд ё шақпайвандро ҳангоми такроран пайвастани ниҳол истифода мебаранд. Паҳлуи кундаи ниҳолро ба шакли фо­наи серӯя мебуранд ва ба ҷои он қа­ламчаи тарафи поёнаш бо ҳамон шакл тарошидаро мегузоранд (расми 3).

Қундоқипaйвaнд

вироиш

Қундоқипaйвaнд дар сурати пайвандтак аз пайванддӯст ғафстар будан гузаронида мешавад. Барои бо ин усул пайванд кардан танаи пайвандтакро ба як тараф моил карда мебуранд, сипас пӯстлохи тарафи баланди кундаи пайванд­такро аз поён ба боло бо андаке чӯ­бат бурида мегиранд, баъд ба он қа­ламчаи қисми поёнаш ба ҳаҷми ҷои тарошидашудаи кунда баробарро бурида мегузоранд ё пайвандтаку пайванддӯстро ба шакли забонча бурида бо ҳам пайваст мекунанд.

Кӯпрукпайванд

вироиш

Кӯпрукпайванд барои аз нобуд шудан нигоҳ доштани дарахт, ки давродаври пӯстлохи танаашон аз ягон касалӣ — сӯхтор ё ҳайвонот осеб дидааст, ба кор бурда мешавад. Ҷои осебдидаи пӯстлохро ҳамвор карда ба ҷойҳои лучаш вари боғӣ ё ранги равғанӣ мемонанд. Сипас баробари ҷои осебдидаи пӯстлох қаламча бурида, ҳар ду тарафашро метарошанду ба ду тарафи осебнадидаи пӯстлохи пайвандтак пайваст мекунад.

Найчапайванд

вироиш

Бо ин роҳ ниҳолҳои пӯстлохаш ғафс, ба монанди чормағз, пекан, кастона, тут ва ғайра Пайванд карда мешавад. Пӯстлохи танаи пайвандтак ва пайванддӯсти ғафсиаш якхеларо (баробар аз боло ва аз поён) гирд мебуранду оҳиста тоб медиҳанд ва аз миёнааш чок карда мегиранд, сипас, ба ҷои он пӯстлохи бо ҳамин усул ҷудокардаи пайванддӯстро мегузоранд.

Пеш аз бастани ҷои пайванд (қатъи на­зар аз усули пайванд) хуб пайвастан ё напайвастани камбийи пайвандтаку пайванддӯстро аз назар мегузаронанд. Бо ҳам мувофиқ омадани қабатҳои камбий барои тез ва хуб васл шудани бофтаҳо шарти асосӣ мебошад. Барои печонида бастани ҷои пайванд плёнкаи полихлорвинилӣ, лифи зирфун, нахи зағир аз ҳама хуб аст. Барои муӯчапайванд онро ба дарозии 20—30 сантиметр (бараш 1,1—1,5 сантиметр) ва барои қаламчапайванд (вобаста ба ғафсӣ ё борикии танаи пайвандтак) дарозтар мебуранд.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш