Пандномаи Бузургмеҳр

«Пандномаи Бузургмеҳр» (форсӣ: پندنامه بزرگمهر‎) — асари адабиёти паҳлавӣ, ки аз пандҳои вазири машҳури Сосониён Бузургмеҳр фароҳам омадааст.

Пандномаи Бузургмеҳр

Суолҳои шоҳи сосонӣ Анушервон ва ҷавобҳои Бузургмеҳр композитсияи асарро ташкил додаанд. Дар суолу ҷавобҳо аз хусуси бартарии хирад ва илму дониш, некию накӯкорӣ, тарзи дурусти давлатдорӣ ва боз як қатор масъалаҳои муҳимми ҳаёт ва зиндагӣ басо шавқангез сухан меравад.

«Пандномаи Бузургмеҳр» на танҳо бо мазмуни ба­ланди худ, балки бо услуби ақиб ва мухтасарбаёниаш низ ҷолиби дидқат аст. Махсусан посухҳои Бузург­меҳр ва андешаҳои ӯ бо суханони пурмағзу ҳакимона нигориш ёфтаанд. «Пандномаи Бузургмеҳр»-ро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ба назм даровардааст.

Матни паҳлавии «Пандномаи Бузургмеҳр»-ро якҷоя бо тарҷумаи аингилисии он ва «Пандномаи Зардушт» соли 1885 дастур Баҳромҷӣ Сантана (яке аз порсиёни Ҳинд) бо унвони умумии «Ганҷи шойгон» нашр кардааст. «Пандномаи Бузургмеҳр» ба забони имрӯзаи форсӣ низ тарҷума ва нашр шудааст.

Сарчашма

вироиш