Портал : Футбол/Ахбори Футбол
13 март - Тоҷикистон бо ҳисоби 1:2 аз Филиппин шикаст хӯрд ОЗОДӢ
20 август - Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии нахустини чемпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17-соларо бо пирӯзӣ бар дастаи мунтахаби ИМА оғоз намуд.ОЗОДӢ
16 август - Рӯзи шанбеи 18 август дар Куриёи Ҷанубӣ мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони то 17-сола оғоз мешавад.(ОЗОДӢ)
30 июл - Ироқиҳо пирӯзии футболи худро ҷашн мегиранд - Даҳҳо ҳазор нафар аз ироқиҳо дар хиёбонҳо дар сартосари кишвар пирӯзии дастаи футболи худро ҷашн мегиранд. Аввалин бор дар таърихи худ дастаи миллии Ироқ қаҳрамони Ҷоми Осиё гардид.(ОЗОДӢ)
30 март - Ҷозеф Блаттер , раиси ФИФА - Федеросиюни байналмилалии футбол ва Муҳаммад бин Ҳамом,раиси АФК - Конфедеросиюни футболи Осиё рӯзи ҷумъаи 30-юми март дар шаҳри Норак майдончаи замонавиро барои бозии мини-футбол ё футболи хурд ифтитоҳ карданд.[1]
12 Январ - Дейвид Бекҳем тасмим гирифтааст, ки пас аз поёни ин мавсим дастаи "Реал"- и Мадридро тарк кунад ва тибқи қарордоде, ки 250 миллион доллар арзиш дорад, ба дастаи "Галакси"- и Лос Анҷелеси Иёлоти Муттаҳида бипайвандад.[2]
4 Январ : Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон дар даври муқаддамотии мусобиқоти интихобии олимпӣ бо тими Ӯзбекистон рақобат хоҳад кард.[3]
29 Декабр : Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Қирғизистон , Сурия , Қатар , Туркманистон ва Бутан рақобат хоҳад кард.[4]
28 Декабр : Беҳтаринҳои футболи тоҷик соҳиби ҷоизаҳо шуданд. Дар маросими ҷамъбасти мавсими футболи соли 2006, ки шоми чоршанбеи 27 декабр дар Кохи Ҷомии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба беҳтарин дастаҳои футболи Тоҷикистон , бозигарону мураббиён ва доварони сол ҷавоизи Федеросиюни футболи Тоҷикистон эҳдо гашт.[5]
25 Декабр : Беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2006 .[6]