Пӯлод Абдураҳмонов

Пӯлод Абдураҳмонов (тав. 1927, деҳаи Субулоқ, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон — 2002, ноҳияи Файзобод, Тоҷикистон) — картошкапарвар, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971).

Пӯлод Абдураҳмонов
Таърихи таваллуд 1927(1927)
Зодгоҳ деҳаи Субулоқи ноҳияи Файзобод
Таърихи даргузашт 2002(2002)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Файзобод
Кишвар
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1971
Ордени Ленин Ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома

вироиш

Колхозчӣ (1944—1946). Сардори бригадаи картошкакорони колхози «50-солагии Октябр» ва совхози «Қалъаи Дашт-2» (1947—1984), хоҷагии «Ҳамза»-и ноҳияи Файзобод (1985—1990). Аз соли 1990 нафақагири шахсӣ. Бригадааш ҳосили фаровони картошка (аз ҳар га то 400 сентнерӣ) гирифтааст.

Абдураҳмонов депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 8,9) буд.

Ордену медалҳо

вироиш

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Сарчашма

вироиш