Қалъаи Дашт (совхоз)
«Қалъаи Дашт» — совхоз дар ноҳияи Файзобод.
Таърих
вироишСоли 1972 ташкил шудааст. «Қалъаи Дашт» ҳудуди деҳаҳои Элок, Дашти Марзо, Бобои Валӣ, Дараи Гӯсфандак, Қалъаи Дашт ва Очилдиро дар бар мегирифт.
Самти фаъолият: чорвопарварӣ, боғпарварӣ ва ғаллакорӣ. Дар совхози «Қалъаи Дашт» 1740 коргар кор мекард. «Қалъаи Дашт» 5 323 га замини кишт, 2 500 сар чорво, 4 ферма, 68 адад техника, анбор ва парки нақлиётӣ дошт. Дар ҳудуди совхоз 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 китобхона ва 3 бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекард. «Қалъаи Дашт» соли 1992 ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим шуд.
Адабиёт
вироиш- Қалъаи Дашт // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.