Равоқ, ҷои меҳробшакли бино, қисми бандубасти иморат ё ҷузъе аз ороиши бино (намо, интерер). Сақфи аксар ёдгориҳои меъморӣ, (масҷид, мадраса, мақбара ва ғайраҳо) равоқшал аст. Пеши баъзе биноҳои муҳташам (мадрасаи Мири Араб) низ равоқ дорад. Равоқи пештоқи қасри Оқсарой (Шаҳрисаб садаи 15) дар Осиёи Миёна калонтарин аст - васеиаш 22 метр. Равоқ дар алоҳидагӣ дар сохтмони айвону шипангҳо низ ба кор меравад. Намунаи олии чунин шипангҳо ҳаштравоқи ансамбли Шоҳи Зинда Мебошад. Дар замони ҳозира ҳам равоқ дар сохтмони иншооту биноҳои ҷамъиятӣ истифода мешавад (намои театри ба номи А. Лоҳутӣ - Душанбе, бозори ПанҷшанбеХуҷанд ва ғайраҳо)[1].

Мадрасаи Мири Араб


  1. Равоқ, Энциклопедияи советии тоҷик, ҷилди 6, саҳ. 156, Душанбе