Қурбон Расулов

(Тағйири масир аз Расулов Қурбон Расулович)

Қурбон Расулов — файласуф ва сиёсатшиноси тоҷик, доктори илмҳои фалсафа (1990), профессор (1991), собиқ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (19952005).

Қурбон Расулов
Қурбон Расулович Расулов
Таърихи таваллуд:

19 январ 1947(1947-01-19)

Зодгоҳ:

ноҳияи Восеъ

Тахрихи марг:

9 октябр 2007(2007-10-09) (60 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

фалсафа, сиёсатшиносӣ

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи омӯзгории ш. Кӯлоб, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои сиёсатшиносӣ

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Ҷоизаҳо:

«Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1997)

ЗиндагиномаВироиш

Қурбон Расулов 9 октябри соли 2007 пас аз маризии дароз аз дунё даргузашт.

Фаъолияти илмӣВироиш

Муаллифи 4 рисолаи илмӣ, 7 китоби илмию оммавӣ ва зиёда аз 120 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Мавзӯи асосии таълифотҳои ӯро масъалаҳои экологӣ ва глобалии ҷаҳони муосир, шароитҳои таърихӣ ва омилҳои асосии ба даст овардани истиқлоли миллӣ ташкил медиҳанд. Ӯ дар тарбияи мутахассисони соҳаи фалсафа ва сиёсатшиносӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Солҳои 1998–2007 вазифаи раиси Шӯрои дифои диссертатсионии илми сиёсиро, ки дар донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият мекард, ба ӯҳда дошт.

ҶоизаҳоВироиш

Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1997) ва ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

ОсорВироиш

  • Ҷанбаҳои иҷтимоии проблемаҳои экологӣ (бо забони русӣ), Д., 1989;
  • Социальные аспекты экологических проблем, Д., 1989;
  • Экология ва замони мо (бо забони русӣ), Д., 1999;
  • Саҳми давлати Сомониён дар пешрафти афкори сиёсӣ-илмӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ, Д., 1999;
  • Экология и современность, Д., 1999;
  • Баъзе масъалаҳои экологии Тоҷикистон, Д., 2000;
  • Равандҳои миллӣ ва сиёсии истиқлоли Тоҷикистон, Д., 2001;
  • Асосҳои фалсафа, Д., 2004;
  • Асосҳои фалсафа, Д., 2005.

ПайвандҳоВироиш

ЭзоҳВироиш