Рашид Қутбуддинович Олимов - дипломат, ходими давлатӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон (1992-1994).

Рашид Олимов
Рашид Қутбуддинович Олимов
дипломат
Таваллуд 23 июн 1953(1953-06-23) (71 сол)
Фаъолияти илмӣ
Фазои илмӣ таърих, сиёсатшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ
Ҷойҳои кор КМ ИЛКҶ Тоҷикистон, ҲКТ, Кумитаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, намояндаи ҶТ дар СММ, сафири ҶТ дар Хитой, Созмони ҳамкории Шанхай

Зиндагинома

вироиш

Рашид Қутбуддинович Олимов, 23 июни соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1975) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМҲКИШ (1990) мебошад.

  • Солҳои 1975 - 1976 – ҷонишини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи ДДТ;
  • Солҳои 1976 - 1979 – мудири Гурӯҳи лекторони шуъбаи тарғибот ва ташвиқоти КМ ИЛКҶ Тоҷикистон;
  • Солҳои 1979 - 1981 - инструктори шуъбаи тарғибот ва ташвиқотикумитаи ҳизбии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1981 - 1982 - инструктори шуъбаи тарғибот ва ташвиқотикумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1982 - 1986 - мудири гурӯҳи лекторон, ҷонишини мудири шуъбаи тарғибот ва ташвиқоти КМ ИЛКҶУ (Солҳои 1984 -1985 дар давраи тайёрӣ ва баргузории Фестивали 12 умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар шаҳри Москва директори Маркази матбуотии байналхалқии ин форум буд.
  • Солҳои 1986 - 1988 - котиби якуми КМ ИЛКҶ Тоҷикистон;
  • Солҳои 1986 - 1989 - узви Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон;
  • Солҳои 1988 - 1989 - котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1989 - 1990 - котиби дуюми кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1990 - 1991 - раиси Кумитаи Шӯрои Олии Тоҷикистон оид ба корҳои ҷавонон;
  • Солҳои 1991 - 1992 - Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ӯ аз солҳои 1991-1992 ба ҳайси мушовири президент ва аз моҳи декабри соли 1992 то охири соли 1994 ба ҳайси вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1994 то 2005 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва аз декабри соли 2005 то ҳол ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Чин фаъолият мекард.[1]

Соли 2016 Р. Олимов ба мақоми дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай таъйин шуда буд. Тавофуқ дар бораи таъйини Олимов ба мақоми дабири куллли СҲШ тобистони соли 2015 дар ш. Уфа (Русия) аз ҷониби Шурои сарони давлатҳои СҲШ ҳосил шуда буд. Мансаби дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2007 ҷори шудааст. Намояндаи Тоҷикистон Р. Олимов чорумин дабири кулли СҲШ мебошад.[2] Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 ташкил шуда, феълан Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд. Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон дар ин созмон мақоми кишварҳои нозирро доранд.[3]