Раънои Мубориз
Раънои Мубориз — рӯзноманигор, шоира, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ (1992), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993)
Хӯҷаева Раъногул Карамхудоевна | |
Таърихи таваллуд: | 9 май 1965 (59 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Шуғнон |
Навъи фаъолият: | шоир, рӯзноманигор |
Зиндагинома
вироишРаънои Мубориз (Хӯҷаева Раъногул Карамхудоевна) 9 майи соли 1965 дар ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст. Дастпарвари мактаби миёнаи ба номи Мастибек Тошмуҳаммадови ноҳия, хатмкардаи шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соли 1987, баъди хатми донишгоҳ, дар рӯзномаи вилоятии «Бадахшони Советӣ» ба кор пардохтааст. Муддате корманди рӯзномаи мазкур ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Анис», мудири бахши иҷтимоӣ-фарҳангии дастгоҳи раиси вилоят, сарвари созмони бонувони эҷодкори вилоят, мушовири шуъбаи ИНТ дар Бадахшон ва муовини раиси маҳфили «Адибони Бадахшон» будааст. Соли 2003 муовини сардабири маҷаллаи «Фирӯза» таъйин шудааст. Солиёне чанд ба сифати сармуҳаррири ҳафтавори «Чархи гардун» фаъолият доштааст. Феълан дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси мудири шуъба кор мекунад. Аз соли 1992 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва узви Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ, аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Эҷодиёт
вироишАз солҳои донишҷӯӣ ба шеърнависӣ пардохта, намунаҳои ашъораш дар маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ва алоҳидаи «Гаҳвораи сангин» (1992), «Навои найсон», (2004), «Садбарги кӯҳӣ», (2005), «Мусоҳиби офтоб» (2010) ва «Лаъли Бадахшон» (2015) чоп шудаанд. Намунаҳое аз чакидаҳои хомаи ӯ ба забонҳои русӣ, белорусӣ, хитоӣ, ӯзбекӣ ва инглисӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Ҷоизаҳо
вироиш- Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2013);
- Аълочии матбуоти Тоҷикистон;
- Медали «Хидмати шоиста».[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.136 ISBN 978-99947-2-379-9
θ