Раҷабалӣ Раҳмоналӣ
Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ (7 октябри соли 1967, ноҳияи Данғара) — фармондеҳи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон. Аз соли 2013 сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон. [1] [2]
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ | |
---|---|
Раҷабалӣ Файзалиевич Раҳмоналиев | |
Зодрӯз | 7 октябр 1967 (57 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Данғара |
Намуди лашкар | Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ |
Рутба | генерал полковник |
Қисм | генерал |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишРаҷабалӣ Файзалиевич Раҳмоналиев 7 октябри соли 1967 дар ш. Данғара, Вилояти Хатлони ҶШС Тоҷикистон маркази ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. [1] Соли 1989 Мактаби олии сохтмони ҳарбӣ-сиёсии Таллинро бо ихтисоси ҳарбӣ-сиёсӣ хатм кардааст. [1]Дар давоми хизмат дар Челябинск ва РСС Қазоқистон буд. [3] Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.
Фаъолият
вироишМоҳи марти соли 1992 ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон омада, дар Вазорати дифоъ дар вазифаҳои муовини комиссари ҳарбӣ хизмат кардааст. [1] Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар отряди Фронти Халқии Тоҷикистон хизмат кардааст. [3] Моҳи январи соли 2004 ба ҷои Ғаффор Мирзоев фармондеҳи Гвардияи миллӣ шуд. [1] 20 ноябри соли 2013 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин шуд, ки ҳамзамон бо вазифаҳои сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ кор мекунад. [1]
Ҷоизаҳо
вироишДорандаи мукофотҳои давлатӣ: ордени «Спитамен» (1997), ордени «Шараф» (1999) ва ордени «Зарринтоҷ дараҷаи II» (2013). [1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 В ДУШАНБЕ ГОСПИТАЛИЗИРОВАНЫ 14 ТОП-ОФИЦЕРОВ ГКНБ, В ТОМ ЧИСЛЕ КОМАНДУЮЩИЙ ПОГРАНВОЙСК ТАДЖИКИСТАНА(англ.). akhbor-rus.com. 12 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 май 2021.
- ↑ Первый заместитель Председателя - Командующий Пограничными войсками Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан. www.skpw.ru. 12 май 2021 санҷида шуд.
- ↑ 3.0 3.1 РАХМОНАЛИЕВ (РАХМОНАЛИ) Раджабали Файзалиевич | ЦентрАзия. centrasia.org. 12 май 2021 санҷида шуд.
- ↑ https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/security/20190326/265748