Розия Озод
Розия Озод (18 январ 1893, ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд — 1957, ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд) — шоири тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, модари академик Бобоҷон Ғафуров.
Таърихи таваллуд: | 17 январ 1893 |
---|---|
Зодгоҳ: | деҳаи Исфисор, ноҳияи Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 1957 |
Маҳалли даргузашт: | ноҳияи Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Иттиҳоди Шӯравӣ |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | 1945—1956 |
Самт: | реализми сотсиалистӣ |
Жанр: | шеър |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишРозия Озод 17 январи соли 1893 дар деҳаи Исфисори ноҳияи Ғафуров ба дунё омадааст. Падару модар зеҳни тез, ақли расо ва меҳру муҳаббат доштани Розияи хурдакакро нисбат ба китоб эҳсос намуда, новобаста аз зиндагии тоқатфарсо ӯро ба мактаби кӯҳнаи духтарона месупоранд. Дар муддати кӯтоҳ Розияи ҷавон бо зеҳни тозаю фаҳмиши баланди худ аз дугонаҳояш пеш гузашта, ба мутолиаи асарҳои классикони адабиёти тоҷик, хусусан ба хондани осори бою пурғановати Ҳофизу Бедил оғоз менамояд. Розия Озод гузаштаҳои талх, азобу машаққати дар ҷавонию миёнаумрӣ кашидаашро бо ҳасрат ба қалам диҳад.
Розия Озод, ки шахси равшанзамире буд, тавонист ба фарзандонаш Бобоҷон Ғафуров ва Тоҷиниссо Ғафурова ахлоқи меҳнатдӯстӣ парварад ва ба роҳи инсондӯстиву накӯкорӣ ҳидоят намояд.
Эҷодиёт
вироишҶанги Бузурги Ватанӣ чун бар дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳар як хонаи тоҷик ҳам бадбахтӣ оварду аз ин ҷанги беамон дар дили аксари мардум доғ боқӣ монд. Розия Озод дар солҳои ҷанг қалам ба даст гирифта, муҳаббату садоқати худро нисбат ба хоки муқаддаси Ватан тавассути назм баён намуд. Чун дигар диловарони матинирода дар даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баҳри рӯҳбаландии ҳомиёни Ватан ӯ шеър ва достонҳои ҷолиб офаридааст, ки дар нахустмаҷмӯаи ӯ «Муҳаббат ба Ватан», гирд омадаанд. Сипас бо қалами ин бонуи қаламкаш, шоираи соҳиби табъи равон, китобҳои «Гулистони ишқ», «Аз водии тилоӣ», «Иқбол», «Зинда бод сулҳ!», «Шеърҳои мунтахаб», «Дӯстони ман», «Мунтахабот», «Орзуи ман» ва «Хотира» пайи ҳам рӯйи чоп омаданд.
Китобҳои «Солнечный край», «Стихи», «Любовь к Родине» ба забони русӣ низ ба табъ расидаанд.
Боғча
- Ҳастам ҳоло хурдакак,
- Духтарчаи доноякак,
- Ман бар ҳама хурду калон
- Албатта, мегӯям салом.
- Аз хоб хезам ҳар пагоҳ,
- Ман шуста дасту рӯйро,
- Озодаяк гардам равон
- Бар сӯи боғча дав-давон.
- Мураббия холаякам,
- Гӯяд ба ман:- Лолаякам,
- Ин шеъри навро ёд кун,
- Дилҳои моро шод кун.
- Бар мо бувад ӯ меҳрубон,
- Чун модарону хоҳарон.
- Хонад китоб аз баҳри мо,
- Ҳам нағзакак афсонаҳо.
Хайр, модарҷон!
- Хайр, модарҷон! Бирафтам ман ба ин ҷанги калон,
- Ғам махӯр ҳастанд бо ман сад ҳазорон дӯстон!
- Мекунам ғайрат барои ҳифзи ин зебо-Ватан,
- Мезанам шамшери тоҷикӣ ба фарқи душманон.
- Борҳо зидди фашистон менамоям ҳарбу зарб,
- Мекунам мағлуб онҳоро, ба ин навбат, аён
- Бо тамоми зарбу қувват меравам пеш аз ҳама,
- Мекунам гитлерчиёнро маҳву беному нишон
- Номи фотеҳ будан, охир, орзуи ман бувад,
- Ин шавад бо ман муяссар, модари ҷонам, бидон:
- Хоҳишам ин аст, ки бо ман намоӣ ифтихор,
- То бигӯӣ: «Ҳаст фарзанде маро ҳам қаҳрамон».[1]
Шеъри «Хайр, модарҷон» ҳам маҳсули эҷоди шоира Розия Озод буда, дар китоби «Хотира» ҷой дорад. Ин китоб ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ, диловариву суботи ҷанговарон, нангу номуси ватандорӣ ва меҳру муҳаббати мардуми тоҷик нисбат ба ватани маҳбубу хоки муқаддаси он бахшида шудааст.
Осор
вироиш- Аз водиҳои тилоӣ.- Сталинобод: Нашр. дав. тоҷик, 1948. — 45 с.
- Иқбол: Маҷмӯаи шеърҳо. — Сталинобод: Нашр. дав. тоҷик, 1951. — 118 с.
- Зинда бод сулҳ. — Сталинобод: Нашр. дав. тоҷик, 1954. — 28 с.
- Дар суҳбати пионерон. — Сталинобод: Нашр. дав. тоҷик, 1954. — 8 с.
- Дӯстони ман. — Сталинобод: Нашр. дав. тоҷик, 1958. — 12 с.
- Ашъори мунтахаб. — Сталинобод: Нашр. дав. тоҷик, 1959. — 175 с.
- Орзуи ман. — Душанбе: Нашр. дав. тоҷик, 1962.- 24 с.
- Тӯҳфа: Шеърҳо. — Душанбе: Маориф, 1983.-77 с.
- Хотира: Маҷмӯа. Барои бачаҳои синни миёна ва калони мактабӣ. — Душанбе: Адиб, 1988. — 128 с.
- Гулчини ашъор 110 — солагии зодрӯзи шоира. — Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 2003. — 112 с.[2]