Худойназар Асозода
Худойназар Асозода (25 декабри 1941, деҳаи Момайии ноҳияи Балҷувон — 18 феврали 2014, Душанбе) — адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1989), профессор (1992). Узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон (1998), узви Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон п (2010).
Таърихи таваллуд | 25 декабр 1941 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Балҷувон, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 18 феврал 2014 (72 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | адабиётшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Зиндагинома
вироишХудойназар Асозода 25 декабри соли 1941 дар деҳаи Момайии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1960 Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро хатм карда, аз соли 1960 то соли 1963 ба сифати муаллими мактаби миёна дар ноҳияи Колхозобод кор кардааст. Баъдан соли 1963 ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1968 онро ба итмом мерасонад. 1968-1970-лаборанти калони кафедраи забони тоҷикии, 1971-1973-аспиранти кафедраи адабиёти советии тоҷики ДДТ, дар айни замон сафари хидматӣ ба Афғонистон ба сифати тарҷумон, 1976-1978-ассистент, муаллими калони кафедраи адабиёти советии тоҷик, 1978-1981-тарҷумони гурӯҳи мушовирини Шӯроӣ дар назди Ҳукумати Афғонистон, 1981-1985-муаллими калон, дотсенти кафедраи адабиёти советии тоҷик, 1985-1988-докторанти Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои ИҶШС, 1989-1992-дотсент, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДТ, 1992-1993-муовини аввали ректори донишкадаи забонҳо, 1993-1996-мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ, 1996-1999-декани факултети филологияи ДМТ, 1999-2004-мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, 2005-2008-Ректори ДДОТ, 2008-2010-профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, 2010-2012-мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ. Аз моҳи январи соли 2013 профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Фаъолияти илмӣ
вироишХудойназар Асозода 14 -уми июни соли 1974 рисолаи номзадиашро оид ба мавзӯи «Симои синфи коргар дар адабиёти советии тоҷик» ва 17-уми феврали соли 1989 рисолаи докториашро дар назди Шӯрои дифои Институти шарқшиносии Москва дар ин мавзӯъ ҳимоя намудааст. Китобу монографияҳои зерин маҳсули эҷодиёти ӯ мебошанд: -«Симои коргар», «Воқеияти зиндагӣ ва ҷамъбасти бадеӣ», «Инкишофи жанрҳои насрӣ дар адабиёти дарӣ», «Ташаккули системаи жанрҳои насрӣ дар адабиёти Афғонистон ба забони дарӣ», «Ташаккули жанрҳои бузурги насрӣ», «Адабиёти Эрон дар садаи XX», «Адабиёти тоҷик дар садаи XX», «Чеҳраҳои фарҳангӣ», «Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ», «Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода», «Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷоди ӯ», "Саргузашти устод Лоҳутӣ ". Солҳои 90-уми асри гузашта ба таҳқиқи се шохаи адабиёти форсӣ даст зада, китобҳои «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он», дар ду ҷилд китоби «Адабиёти садаи XX -и форсии тоҷикӣ»-ро ба табъ расонид, ки дар онҳо осори манзум ва насри достонии даризабони Афғонистон ҳарҷониба таҳлилу баррасӣ шудааст. Асозода ба асоси маводи амалии «Адабиёти тоҷик дар садаи XX» қариб доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ҳамаи шоирону нависандагони тоҷик мақолаву рисолаҳо таълиф намудааст, вале ба ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи хоса дорад. Рисолаҳои «Устод Айнӣ дар шинохти Сотим Улуғзода», «Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ», «Воқеият, сиёсат ва Садриддин Айнӣ», «Зиндагинома ва осори Садриддин Айнӣ», «Садриддин Айнӣ дар миён ҳаст ва хоҳад буд» далели ин гуфтаҳоянд.
Фавт
вироишПрофессор Худойназар Асозода, раиси собиқи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, субҳи 18 феврал, дар синни 73-солагӣ, бар асари бемории қалб аз дунё даргузашт. Асозода ахиран аз ҷониби мутахассисони эронӣ, ки махсус аз Олмон даъват шуда буданд, дар маркази бемориҳои дили Шаҳраки тиббии Душанбе ҷарроҳӣ шуда буд.[1]
Дар бораи Х.Асозода
вироишОсорномаи профессор Худойназар Асозода (Китоб). /Мураттиб Ҷ.Раҷабов. — Д.: Бухоро, 2014.- 154 с.
Осор
вироиш- Синфи коргар дар адабиёти советии тоҷик, Д., 1976;
- Ба умеди оянда (дар бораи фаъолияти нависанда А.Самадов), Д., 1984;
- Воқеияти зиндагӣ ва ҷамъбасти бадеӣ (Панҷоҳ соли насри дарӣ), Д., 1987;
- Формирование жанровой системы в прозе Афганистана на языке дари, Д., 1988;
- Развитие жанров в прозе на дари, Д., 1989;
- Адабиёти форсӣ ва се шохаи он, Д., 1991;
- Становление крупных жанров, Д., 1996;
- Чеҳраҳо, Д., 1996;
- Адабиёти садаи XX форсии тоҷикӣ (Кит. 1. Шеъри дарӣ), Д., 1996;
- Адабиёти садаи XX форсии тоҷикӣ (Кит. 2. Насри дарӣ), Д., 1996;
- Адабиёти Ирон дар садаи XX, Д., 1997;
- Адабиёти тоҷик дар садаи XX, Д., 2000;
- Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти С. Улуғзода, Д., 2000;
- Устод С. Айнӣ дар шинохти С.Улуғзода, Д., 2001;
- Афғонистони шоҳӣ (аз дафтари хотираҳо / 1971—1973), Д., 2001;
- Ёде аз дӯсти ҷавонмардам, Д., 2003;
- Афғонистони инқилобӣ, Д., 2004;
- Кашшофи рози адабиёт, Д., 2005;
- Сотим Улугзода ва фоҷиаи ӯ, Д., 2006;
- Достони зиндагӣ. Китоби 1, Китоби 2,Душанбе, 2007; Китоби 3, Д., 2008;
- Соддиқ Ҳидоят ва дунёи эҷоди ӯ, Д., 2007;
- Забон ва адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 11), Д., 2007;
- Саргузашти устод Лоҳутӣ, Д., 2009;
- Воқеият, сиёсат ва С. Айнӣ, Д., 2010.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Даргузашти Асозода баъди ҷарроҳии мутахассисони эронӣ http://www.ozodagon.com/14933-darguzashti-asozoda-badi-arroii-mutahassisoni-davatshudai-eron.html Бойгонӣ шудааст 22 марти 2015 сол.