Боқиев Рустам Худойназарович (зод. 21 январи 1978, шаҳраки Сомониён, ноҳияи Рӯдакӣ) — куштигири тоҷик, ҷудукор, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон дар ҷуду (2003) ва куштӣи миллии кураш (2006), Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди олимпии ҷуду ва қураш, Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007).

Рустам Боқиев
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус ҷуду
Зодрӯз 21 январ 1978(1978-01-21)[1] (46 сол)
Зодгоҳ

Зиндагинома вироиш

Нозукиҳои куштӣи миллӣ ва ҷудуро аз падараш — Мураббии хидматнишондодаи варзишии ҶШС Тоҷикистон Худойназар Боқиев омӯхтааст. Қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон оид ба куштӣи миллии қураш, ҷуду ва самбо (1995—2007). Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2000). Аз соли 2000 мураббии Мактаби махсуси варзишӣ оид ба ҷудуи ноҳияи Рӯдакӣ. Б. дар мусобиқаҳои варзишии сершумори байналмилалӣ иштирок намуда, ғолиб ва соҳиби медалу ҷоизаҳо гаштааст. Ҷоизадори Қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон (1995), ширкатдори Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Атланта (1996), қаҳрамони мусобиқаҳои Осиёи Ғарбӣ дар шаҳри Теҳрон (ҶИЭ, 1997), қаҳрамони мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи ҳаким ат-Тирмизӣ (ш. Тирмиз, 2003), қаҳрамони Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ оид ба куштӣи ҷуду ва қураш (ш. Душанбе, 2003), ҷоизадори Қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Алмаато (2004), қаҳрамони ҷаҳон оид ба куштӣи миллии қураш (ш. Тошканд, 2005), дорандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалӣ дар ш-ҳои Алмаато (2006) ва Теҳрон (2006).

Эзоҳ вироиш

  1. Sports-Reference.com (ингл.)

Адабиёт вироиш

  • Боқиев Рустам Худойназарович / Н. Шарипов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.