Рус Юсупов (англ. Rus Yusupov; зод. 4 майи 1984; Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — тарроҳ ва соҳибкори фанноварии аҳли Амрико. Ӯ бештар ҳамчун ҳаммуассиси Vine ва ҳаммуассис ва CEO-и[1] HQ Trivia маъруф аст.

Рус Юсупов
Сурат
Таърихи таваллуд 4 май 1984(1984-05-04) (39 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша тоҷир

Зиндагинома вироиш

Руслан Юсупов 4 майи соли 1984 дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистони Шӯравӣ, дар хонаводаи яҳудиёни бухорӣ зода шудааст. Пас аз Инқилобҳои 1989 хонаводаи онҳо ба Ню-Йорк кӯчид, ки Юсупов дар он ҷо ба воя расида, Мактаби олии мусиқӣ ва рассомии LaGuardia ва Мактаби ҳунарҳои таҷассумӣ (SVA)-ро бо мадраки коршиноси ҳунарҳои зебо (BFA) дар тарроҳии графика хатм кардааст.

Корнома вироиш

Рус Юсупов корномаи худро ҳамчун ороишгари маҳсулоти рақамӣ дар ширкатҳо, аз ҷумла Razorfish ва R/GA оғоз намуда, дар лоиҳаҳо, аз ҷумла ҳамчун тарроҳи пешбари нусхаи якуми Hulu.com дар соли 2007 кор кардааст[2]. Дар соли 2008, ӯ студияи тарроҳӣ ва муҳандисӣ, ҷойгиршуда дар шаҳри Ню Йорк, Big Human-ро таъсис дод[1]. Муштариёни Big Human аз Time.com, Urban Dictionary, Jetsetter, Time Warner ва Fortune ва ғайра иборатанд.[3]

Vine вироиш

Дар моҳи июни соли 2012, Рус Юсупов ҳамбунёнгузори Vine, хадамоти видеоклипҳои кӯтоҳро таъсис дод[4]. Vine моҳи октябри соли 2012 ба Twitter ба маблағи 30 миллион доллар дода шуд[5]. Юсупов дар охирҳои соли 2015 пас аз он ки Vine тавассути Твиттер нуфузашро аз даст дод, Твиттерро тарк кард. Баъдтар Юсупов дар Твиттери худ навишт, ки «Ширкати худро нафурӯшед!»[6][7]

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Rus Yusupov - Co-founder @ Hype | Crunchbase(англ.). Crunchbase. 30 Январ 2018 санҷида шуд.
  2. Kino. Paul H-O, Gallery Gadfly, Revives His Act (en-US), The New York Times (11 ноябри 2009). Проверено 27 феврали 2018.
  3. Work - Big Human(англ.). bighuman.com. 27 феврали 2018 санҷида шуд.
  4. Twitter Buys Vine, a Video Clip Company That Never Launched(англ. амр.), AllThingsD. Проверено 30 Январ 2018.
  5. Dave. Video app Vine's popularity is spreading, six seconds at a time (en-US), Los Angeles Times (20 июни 2013). Проверено 30 Январ 2018.
  6. Rus. Don't sell your company!(англ.). @rus (27 October 2016). 27 феврали 2018 санҷида шуд.
  7. Constine. Vine's founders are back with HQ, a live trivia game show app(англ.), TechCrunch. Проверено 27 феврали 2018.