Савгандёдкунӣ - шакли кафолати ҳуқуқии шахси мансабдор, ки бо мақсади ба амал баровардани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ дар соҳаҳои мухталиф истифода бурда мешавад. Мафҳуми савгандёдкунӣ васеъ буда, он дар якчанд соҳаҳо (тиб, мақомоти давлатӣ ва ғайра) бо тартиби муқаррар намудаи қонун амалӣ мегардад. Масалан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 55,67), пеш аз шурӯи вазифа дар иҷлосияи якҷояи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад, ки матни савганди ӯ бо чунин тарз дар Конститутсия муқаррар шудааст: «Ман ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям». Инчунин, Раис, муовини Раис ва судҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди интихоб шудан дар иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи зерин савганд ёд мекунанд: «Ман ба сифати Раис, муовини Раис, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сидқан риоя ва ҳифз менамоям, вазифаҳои ба зиммаам ҳамчун Раис, муовини Раис, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташударо софдилона иҷро карда, фақат ва фақат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунам» (моддаи 7 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон».[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 401