Сайидалӣ Маъмур (28 декабри 1944, деҳаи Яккабоғ, Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон — ваф. 24.07.2021 Душанбе ) — шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1972)

Сайидалӣ Маъмур
Таърихи таваллуд: 28 декабр 1944(1944-12-28)
Зодгоҳ: Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 24 июл 2021(2021-07-24) (76 сол)
Маҳалли даргузашт: шаҳри Душанбе
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, тарҷумон
Ҷоизаҳо: Шоири халқии Тоҷикистон (2003)

Зиндагинома

вироиш

Сайидалӣ Маъмур 28 декабри соли 1944 дар деҳаи Яккабоғи ноҳияи Истаравшан ба ҷаҳон омадааст. Соли 1966 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонда, дар Радиои тоҷик, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон»), Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст. Солиёне муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Маданияти Тоҷикистон» («Адабиёт ва санъат»), раиси Хазинаи адабиёт, сармуҳаррир ва ҷонишини директори Нашриёти «Адиб» будааст. Ҳоло мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Офаридаҳояш аз соли 1963 чоп шуда, дар адабиёти муосир мақоми шоиста пайдо кардаанд. Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт

вироиш

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Заврақи умед» (1967), «Савганд» (1972), «Ҳамсолон» (1974), «Рози дарё» (1977), «Меҳвар» (1980), «Толеъ» (1981), «Рӯҳи баланд» (1983), «Офтоби дил» (1986), «Решапайванд» (1989), «Чашми ситора» (ба ҳуруфи форсӣ, 1990), «Солгиреҳ» (1994), «Гарди Офтоб» (1994), «Шохаи шикаста» (1998), «Овои мурғи шабовез» (2000), «Оташи меросӣ» (2002), «Назаргоҳи дил» (2003), «Чорзарб» (2003), «Офтобгардон» (2007), «Пойизи сабз» (2011), «Ситорашукуф» (2011), «Давлати дидор» (2014) аст. Маҷмӯаҳои «Сӯзанак» (1985), «Навоҳои Гулдара» (1988), «Карчи харбуза» (1993), «Анӯшаҷони ҷони мо» (2004) ва «Алвончак» (2013) ашъори барои бачагон офаридаашро фаро гирифтаанд. Маҷмӯаи мақола, тақриз ва сафарномаҳояш бо номи «Сухан аз дӯстон ва устодон» соли 2007 нашр шуда, бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёташ китоби дастҷамъии «Одам ба одам зинда аст» соли 2004 ба табъ расидааст. Ашъори ба русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Жажда» (Маскав, 1977), «Зелёные ветры» (Маскав, 1982), «Берег сердца» (Маскав, 1987), «Середина лета» (Душанбе, 1987), «Сейсмограф сердца» (Маскав, 1990), «Четыре времени любви» (Душанбе, 1992), «Газель сердца» (Маскав, 1994) ба табъ расидаанд. Китобҳои Т. Зумакулова «Ширмаҳтоб». А.Орифов «Ихлос», А. Оғобоев «Акси садо», Р.Бородулин «Ситораи дидор», Л. Шипахина «Ёдгори шаб», А. Атабоев «Як шоха гул», баёзи шеъри «Сози муғул», «Созҳои бародарӣ» ва намунаҳое аз ашъори Г. Лорка, И. Анненский, Я. Полонский ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Шеърҳояш ба бисёр забонҳои мардуми шӯравӣ ва дунё тарҷума ва чоп шудаанд. Маҷмӯаҳои алоҳидааш «Турналар» (1991), «Қуёш фарзанди» (2009) ва «Лаҳзаҳои ҷовид» (2009) ба забонҳои ӯзбекӣ ва забонҳои белорусӣ чоп шудаанд. Соли 2009 «Гулчини ашъор»-аш ба ҳуруфи форсӣ чоп шуда, шеърҳои алоҳидааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва матбуоти даврии Эрону Афғонистон борҳо мунташир гардидаанд. Саидалӣ Маъмур, шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 24 июли сол 2921 дар сини 77 - солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.[1]

Ҷоизаҳо

вироиш

Пайвандҳо

вироиш
  1. Дӯстони шоири марҳум Саидалӣ Маъмур мегӯянд, рӯзҳои охир ӯ фақат аз писари ягонааш мепурсидааст(тоҷ.). www.sputnik.tj (2021). 9 июли 2023 санҷида шуд.
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 52 — 53 ISBN 978-99947-2-379-9