Солҳои 1912 – 15 дар мактаби русии маҳаллии шаҳри Хоруғ таҳсил кардааст. Солҳои 1916 – 18 дар хидмати армияи подшоҳӣ дар Помир буд. Баъди ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Помир солҳои 1918 – 26 аввал дар сафи отрядҳои револютсионӣ узви комиссияи фавқулода оид ба муборизаи зидди ҳаракати аксулинқилобӣ, ҳаннотӣ ва балвогарӣ, баъд раиси Комитети револютсионии ВМКБ, 1926 – 28 мудири шуъбаи тарғиб ва ташвиқи Бюрои ташкилоти ПК (б) ӯзб. дар РАСС Тоҷикистон, прокурори ВМКБ буд. Соли 1928 ВКП (б) Абдуллоев дар вазифаи ҳизбӣ (ҳизби коммунист) ба корхонаҳои саноатии Урал фиристод. Солҳои 1929 – 36 котиби масъули Комитети ҳизбии округи Ҳисор, мудири шуъбаи кадрҳои КМ ПК (б) Тоҷикистон, комиссари халқии зироати республика, котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон, раиси Комиссияи Марказии назорат ва комиссари Инспексияи коргару деҳқон, 1936 – 37 котиби дуюми КМ ПК (б) Тоҷикистон Борҳо аъзои КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардидааст[1]. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст.