Салим Байрақдор
Салим Байрақтар (тур. Selim Bayraktar); тав. 17 июни 1975, Киркук, Ироқ) — ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони турку ироқӣ.
тур. Selim Bayraktar | |
| |
Таърихи таваллуд: | 17 июн 1975 (49 сол) |
Зодгоҳ: | Киркук, Ироқ |
Шаҳрвандӣ: |
Туркия Ироқ |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 2006-то ҳол |
Самт: |
театр телевизион синамо |
IMDb: | ID 2515011 |
Зиндагинома
вироишБайрақтар соли 1975 дар Киркуки Ироқ дар оилаи туркмантабори Ироқ таваллуд шудааст. Дар кӯдакӣ ӯ дар мусобиқаҳои гимнастикӣ баромад мекард. Дар рӯзҳои охири ҷанги Эрон ва Ироқ, афсари Саддом Ҳусайн бо мақсади ҷалби писарон ба артиш ба мактаби Байрақар ташриф овард; вақте ки Байрақтар барои хидмат дар артиш интихоб шуд, оилаи ӯ қарор кард, ки ӯро ба Туркия интиқол диҳад[1]. Вай пас аз хатми Донишгоҳи Ҳасеттепа соли 2000 дар Театри давлатии Туркия ба кор шурӯъ кард[2].
Байрақтар бо забонҳои туркӣ, туркии усмонӣ, арабӣ ва англисӣ ҳарф мезанад.
Фаъолият
вироишСалим бори аввал пас аз хатми донишгоҳ дар сирки Порис кор кард ва дар он ҷо ҳамчун акробат ё иллюзионист баромад мекард. Бо шарофати сирк ба ӯ муяссар шуд, ки аз бисёр шаҳрҳои Аврупо дидан кунад.
Соли 2001 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Туркия хидмат кардааст.
Қарзи худро дар назди Ватан адо намуда, Салим дар театрҳои Анталия ва шаҳри Диёрбакр кор кардааст.
Дар соли 2006 ӯ аввалин намоиши телевизионии худро бо силсилафилми "Пул" ҳамчун Эрдал оғоз кард.
Соли 2009 вай дар силсилафилми "Bir Bulut Olsam" нақши Маҳмуд Пошаро иҷро кард.
Салим Байрақтар пас аз бозидани нақши хоҷасарои қисми ҳарами Султон Сулаймон - Сумбул-оғо дар силсилафилми таърихии "Асри муҳташам" шуҳрат ва эътирофи аз ҳама бештарро ба даст овард. Ҳунарпеша барои ин нақш фавран қабул шуд ва ба шарофати ҳунараш, интиқоли ифодаҳои мушаххаси рӯй, имову ишора ва рафтор қаҳрамони ӯ яке аз намоёнтарин қаҳрамони силсилафилм гардид. Ин нақш ба ӯ шумораи зиёди мухлисон ва мухлисбонувон дар саросари ҷаҳон овард.
Бисёр чизҳое, ки дар нақши Сумбул-оғо нишон дод, чизҳои омӯхтааш дар сирки Париж ба ӯ кумак карданд.
Пас аз Асри муҳташам ҳунарпеша зуд-зуд дар экранҳо дар филмҳои "Миёни", "Сурх", "Мазҳакаи ошиқона 2", "Ангушти вазир" ва ғайра пайдо шуд.
Соли 2020 ӯро барои нақши Аббос дар силсилафилми Zümrüdüanka даъват намуданд, ки лоиҳа аз 26 қисм иборат буда нақшҳои асосиро Алп Наврӯз ва Ҷерен Йилмаз бозидаанд.
Ҳаёти шахсӣ
вироишСалим бо духтаре бо номи Бихтер Байрақтар издивоҷ кардааст. Вай дар Оркестри давлатии симфонии Анталия фаъолият мекунад. Зану шавҳар соли 2004 дар соҳил вохӯрданд, вақте ки онҳо бо дӯстон морҳои ҳавоиро ба осмон ҳаво медоданд. Ҷавонон бо нигоҳи аввал ба якдигар ошиқ шуданд. Тӯй пас аз як сол баргузор шуд. Дарҳол пас аз маросим, шавҳар ба сайр баромад.
Соли 2019 Салим бо ҳамсараш ҷудо шуданд ва онҳо фарзанд надоранд.
Филмнома
вироишСинамо | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
2009 | Büyük Oyun | Қочоқчӣ | |
2013 | Romantik Komedi 2: Bekarlığa Veda | ||
2014 | Kırmızı | Гокхон | |
2015 | Aşk Sana Benzer | Айкут | |
2016 | Vezir Parmağı | Акмалиддин | |
2017 | Cingöz Recai: Bir Efsanenin Dönüşü | Одил | |
2018 | Sevgili Komşum | Чингиз | |
2018 | Arada | Resul |
Телевизион | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
2006 | Köprü | Эрдал | |
2006 | Bir Bulut Olsam | Маҳмуд Пошо | |
2011–14 | Muhteşem Yüzyıl | Сумбул Оғо | |
2016 | Gecenin Kraliçesi | Ҳоқон | |
2017 | Çoban Yıldızı | Зеккар Каракая | |
2017 | Görünen Adam | Ашраф Шариф | |
2017–18 | Ufak Tefek Cinayetler | Эдип | |
2018 | Ağlama Anne | Алӣ Усмон | |
2020 | Rise of Empires: Ottoman | Чандарлӣ Халил Пошо | Силсилафилми телевизионӣ |
2020-2021 | Zümrüdüanka | Аббос |
Кор дар театр
вироиш- Othello
- Bay Kolpert
- Kardeş Gelini
- Ana
- Sırça Kümes
- Komik Para
- Cıbıl Kurt (намоишноманавис)
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Batuman, Elift Letter From Istanbul: Ottomania - A hit TV show reimagines Turkey's imperial past. The New Yorker (Feb 17, 2014).
- ↑ Turkish Cultural Foundation. Selim Bayraktar. 16 июни 2014 санҷида шуд.