Салма Ҳайек Хименес (испанӣ: Salma Hayek Jiménez, 2 сентябри соли 1966) — ҳунарпешаи мексикоӣ. Машҳуртарин ҳунарпешаи синамо аз Амрикои Лотинӣ дар Ҳолливуд аз давраи Кармен Миранда мебошад. Ҳайек дар бештар аз 30 филм иштирок кардааст ва ба ҷоизаи Оскар пешниҳод шудааст. Ӯ муборизи ҳуқуқҳои занон буда, фаъолияти хайрхоҳонааш ба ҳимояи занон аз зӯроварӣ ва муҳоҷирон равона шудааст.

Салма Ҳайек
испанӣ: Salma Hayek Jiménez
Ном ба ҳангоми таваллуд: Danna María García Osuna
Таърихи таваллуд: 2 сентябр 1966(1966-09-02) (58 сол)
Зодгоҳ: Коаскоалос, Мексика
Шаҳрвандӣ:  Мексика
Касб: ҳунарпеша
модел
сароянда
Корнома: 1992-то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0000161
 Парвандаҳо дар Викианбор
Салма Ҳайек дар Канн (Cannes 2010)

Зиндагинома

вироиш

Салма Ҳайек дар шаҳри Коаскоалос, иёлати Веракрузи Мексика дар оилаи овозхони операи испанӣ ва тоҷири нафт аз Лубнон ба дунё омадааст. Салма, ки маънои номаш дар тарҷума аз арабӣ «сулҳ» ва ё «оромӣ» мебошад, мактабро дар ибодатгоҳи маҳаллии занона хатм намудааст. Баъд ӯ ба Донишгоҳи Мехико ба факултаи муносибатҳои байналхалқӣ дохил мешавад, вале онро дере нагузашта тарк мекунад ва пурра худро ба орзуяш - санъати ҳунарпешагӣ мебахшад. Чанде пас ӯ дар санҷиши нақши асосӣ дар телесериали «Тереза» ғолиб меояд ва дере нагузашта дар ин соҳа машҳур мешавад.

Эҷодиёт

вироиш

Соли 1991 Салма ба Лос-Анҷелес меояд, то забони англисиро омӯзад ва ҳунарпешаи Ҳолливуд шавад. Дар яке аз шоуҳои шабона ӯро коргардон Роберт Родригез мебинад ва ба ӯ ҳозирҷавобию зебоии Салма писанд меояд. Салма бо Антонио Бандерас дар филми «Рӯҳафтода» (Desperado) нақш меофаранд ва ин филм хеле машҳур мегардад. Як сол пас, соли 1996, Родригез ӯро ба филми нави худ «Аз ғуруб то тулӯъи офтоб»(From Dusk Till Dawn) даъват мекунад, ки бо ӯ дар ин ҷо Ҷорҷ Клунӣ ва Квентин Тарантино мебозанд. Чанде пас Родригез Салмаро боз ба филми дигаре -«Чаҳор ҳуҷра» (Four Rooms) барои иҷрои нақши асосӣ даъват мекунад. Филми «Ҷудошавӣ» (Breaking Up), ки дар он Салма бо Рассел Кроу бозидааст он қадар машҳур нагардид. Вале филми оянда «54» дар бораи клуби ню-йоркии солҳои 1970, ба тамошобинон писанд омад. Минбаъд, Салма дар филмҳои «Факулта» (The Faculty) (коргардон Роберт Родригез) Wild Wild West ва «Догма» (Dogma) (коргардон Кевин Смит) иштирок меварзад. Чанде пас Салма ширкати продюсерии худро мекушояд ва ба наворгирии филмҳои камхарҷ машғул мешавад. Филми аввалини ӯ «Ҳеч кӣ ба полковник наменависад» (Coronel no tiene quien le escriba, El) (коргардон Артуро Рипштейн) дар барномаи расмии кинофестивали Канн нишон дода мешавад. Соли 2005 дар ҳаёти Салма ду воқеа рӯй медиҳад: якум ӯро ба ҳайати доварони кинофестивали Канн даъват мекунанд, дуюм, филми пурмӯҳтавои «Баъд аз ғуруб» (After the Sunset) ба навор гирифта мешавад, ки ӯ дар ин ҷо бо Пирс Броснан ҳунарнамоӣ мекунад. 18 январи соли 2006 дар як замон дар Фаронса ва Русия филми Люк Бессон (Bandidas) намоиш дода шуд, кн Салма дар он бо дугонааш Пенелопа Крус вохӯрд. Филми ояндаи Салма Ҳайек -триллери «Қалбҳои танҳо» (Lonely Hearts) ба наздикӣ нишон дода хоҳад шуд (декабри 2006). Дар ин ҷо ҳунарпеша бо Ҷон Траволта ҳамроҳ нақш офаридааст. Филм дар асоси ҳодисаҳои воқеӣ ба навор гирифта шудааст.

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Ҳайек бо ҳунарпеша Эдвард Нортон дар давоми чаҳор сол аз 1999 то 2003 ва бо Ҷош Лукас аз соли 2003 то 2004 муносибатҳои ошиқона дошт. Дар айни замон Салма Ҳайек танҳо зиндагӣ мекунад.

Дугонаи беҳтаринаш — ҳунарпешаи испанӣ ва синамои ИМА Пенелопа Круз мебошад.

Маълумоти аҷиб

вироиш

Филмҳо

вироиш

Пайвандҳо

вироиш