Пенелопа Круз
Пенелопа Крус Санчес (аслан Пенелопе, исп. Penlope Cruz Sanchez; с.т. 28 апрели соли 1974, Алкобендас, Мадрид, Испониёи Франки) — ҳунарпеша ва тарроҳи Испониё. Машҳуртарин ҳунарпешаи Испониё ва яке аз аввалин ҳунарпешаҳои Испониё, ки дар Ҳолливуд маъруфият пайдо кард.
исп. Penélope Cruz | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | исп. Penélope Cruz Sánchez |
Таърихи таваллуд: | 28 апрел 1974[1][2][3][…] (50 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, муҷрии телевизион, бозигари синамо, ҳунарпешаи телевизион, муҷрӣ, садопеша, аккос, коргардони филм |
Корнома: | 1989 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0004851 |
penelope-cruz.org | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишПенелопа Круз 28 апрели соли 1974 дар шаҳри Мадрид ба дунё омадааст ва даврони кӯдакии ӯ дар ин ҷо гузаштааст. Падари ӯ савдогар ва модараш ороишгар буд. Ҳанӯз аз айёми хурдсолӣ Круз (ҳунарпешаро дар ватанаш чунин ном мебаранд) ба санъат, хусусан ба балет ва ҷаз мароқ зоҳир мекард. Ӯ он қадар ба рақс дил дода буд, ки мактабро хатм накарда онро тарк кард ва пурра ба ҳунари рақс машғул шуд. Круз балет ва рақсҳои испаниро дар Консерваторияи Миллии Испания дар Мадрид дар давоми 10 сол омӯхт ва баъд аз он ба Ню-Йорк омад, то дар мактаби санъати ҳунарпешагии Кристина Рот таҳсил кунад. То ҳунарпеша шудан, Пенелопа Круз барандаи барномаи телевизионӣ дар бораи ҳаёти ҷавонон La Quinta Marcha буд. Пенелопа бо ҳунарпеша Ҳавэр Бардем (соли таваллудаш 1969), ки бо вай дар чандин филмҳо ҳунарнамои кардааст, моҳи июли соли 2010 хонадор мешавад. Онҳо ду фарзанд; писар - Леонардо (таваллудаш 25 январи соли 2012) ва духтар Луна (таваллудаш 22 июли 2013) доранд.
Эҷодиёт
вироишНақшҳои аввалинашро дар филмҳо ва сериалҳо Пенелопа ҳанӯз дар синни 16 солагӣ бозидааст. Вале ҳунарпеша пас аз чанд сол, баъд аз ба экранҳо баромадани филми «Айёми зебоӣ» /Belle epoque (The Age of Beauty)/, ки ба чандин ҷоизаҳо дар Испания сазовор гардид, дар ватанаш машҳур шуд. Ин филм ҷоизаи Оскарро низ дар номинатсияи «Филми беҳтарини хориҷӣ» гирифт.
Баъд аз иштирок дар чандин филмҳо, Крузро соли 1997 яке аз беҳтарин коргардонҳои Испания Педро Алмадовар барои бозӣ кардан дар нақши дуюмдараҷае ба филми /Carne tremula (Live Flesh)/ даъват мекунад. Ин филм шуҳрати Пенелопаро боз афзуд.
Филмҳои «Кишвари теппаҳову водиҳо» /The Hi-Lo Country/, (соли 1998), «Одами дар пойафзолаш борон» /The Man with Rain in His Shoes/ Пенелопа Крузро ба тамошобинони амрикоӣ шиносонид. Соли 1999 Пенелопа боз бо Алмадовар ҳамкорӣ кард — ҳунарпеша яке аз нақшҳои асосиро дар филми машҳури «Дар бораи модарам» /Todo sobre mi madre/, бозӣ кард, ки он яке аз филмҳои беҳтарини кинофестивали Канн гардид ва соҳиби ҷоизаи Оскар низ чун « Филми беҳтарини хориҷӣ» шуд.
Баъд аз ин муваффақият ҳунарпешаро ба Ҳолливуд даъват карданд. Соли 2000 ӯ бо ҳамроҳии Метт Деймон дар филми Билли Боб Торнтон /All the Pretty Horses/ ва соле пас бо ҳамроҳии Ҷоннӣ Депп дар «Кокаин» /Blow/, ва бо Николас Кейҷ дар «Интихоби капитан Кореллӣ» /Captain Corelli’s Mandolin/ нақшҳо офарид.
Соли 2001 Пенелопа бо Том Круз дар филми «Осмони ванилӣ» (римейки филми 'Abre los ojos') нақш меофарад ва онҳо пас аз ин филм ба ҳам ишқварзӣ мекунанд. Баъд аз се сол, моҳи январи соли 2004 Том ва Пенелопа ақди никоҳ мебанданд.
Пенелопа бо чаҳор забон — испанӣ, итолиёӣ, фаронсавӣ ва англисӣ ҳарф мезанад. ӯ забони итолиёвиро аз он сабаб омӯхтааст, ки мехост соли 2004 дар филми «Non ti muovere» иштирок кунад. Круз ба ин муваффақ мешавад ва он сол ҷоизаи беҳтарин ҳунарпеша дар Итолиёро мегирад. Пенелопа вақт ва пули зиёди худро ба кумаки башардӯстона ва корҳои хайриявӣ сарф мекунад. Соли 1997 ӯ тайи ду моҳ дар Уганда дар созмони кумаки башардӯстона кор кардааст. Дӯсти беҳтаринаш ҳунарпешаи машҳур — Салма Хайек мебошад.
Ҷоизаҳо
вироишРӯйхати пурра дар сайти IMDb.com[4].
Ҷоиза | Сол | Категория | Филм | Натиҷа |
---|---|---|---|---|
Оскар | 2007 | Беҳтарин нақши занона | Бозомад | Номзад |
2009 | Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа | Вики Кристина Барселона | Баранда | |
2010 | Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа | Нӯҳ | Номзад | |
BAFTA | 2007 | Премия BAFTA барои беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа | Бозомад | Номзад |
2009 | Премия BAFTA барои беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа | Вики Кристина Барселона | Баранда | |
Давид ди Донателло | 2004 | Беҳтарин нақши занона | Нарав | Баранда |
Ҷоизаи киноакадемияи Аврупо | 1999 | Беҳтарин нақши занона | Девушка твоей мечты | Номзад |
2004 | Беҳтарин нақши занона | Не уходи | Номзад | |
2006 | Беҳтарин нақши занона | Возвращение | Баранда | |
2009 | Беҳтарин нақши занона | Разомкнутые объятия | Номзад | |
Глобуси тилоӣ (Италия) | 1994 | Беҳтарин нақши занона | Ради любви, только ради любви | Номзад |
Глобуси тилоӣ | 2007 | Беҳтарин нақши занона — драма | Возвращение | Номзад |
2009 | Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа | Вики Кристина Барселона | Номзад | |
2010 | Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа | Девять | Номзад | |
Гойя | 1993 | Беҳтарин нақши занона | Ветчина, ветчина | Номзад |
1999 | Беҳтарин нақши занона | Девушка твоей мечты | Баранда | |
2005 | Беҳтарин нақши занона | Не уходи | Номзад | |
2007 | Беҳтарин нақши занона | Возвращение | Баранда | |
2009 | Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа | Вики Кристина Барселона | Баранда | |
2010 | Беҳтарин нақши занона | Разомкнутые объятия | Номзад | |
2012 | Беҳтарин нақши занона | Рождённый дважды | Номзад | |
2016 | Беҳтарин нақши занона | Ма Ма | Номзад | |
Кинофестивали Ҳолливуд | 2006 | Ҳунарпешазани сол | Баранда | |
Киноҷоизаҳои MTV | 2002 | Беҳтарин натиҷаи сол | Кокаин | Номзад |
Қулфинаи тилоӣ | Бадтарин нақши занона | Кокаин Выбор капитана Корелли Ванильное небо |
Номзад | |
Спутник | 2006 | Беҳтарин нақши занона | Возвращение | Номзад |
2008 | Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа | Элегия | Номзад | |
2009 | Беҳтарин нақши занона | Разомкнутые объятия | Номзад | |
Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа | Девять | Номзад | ||
Беҳтарин ансамбли ҳунарпешагон[5] | Девять | Баранда | ||
Ҷоизаи Гилдияи ҳунарпешагони ИМА | 2007 | Беҳтарин нақши занона | Возвращение | Номзад |
2009 | Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа | Вики Кристина Барселона | Номзад | |
2010 | Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа | Девять | Номзад | |
Беҳтарини ҷамъияти ҳунарпешагон дар филм[5] | Девять | Номзад |
Эзоҳ
вироиш- ↑ https://www.fembio.org/biographie.php/frau/frauendatenbank?fem_id=31024 (нем.)
- ↑ Discogs (ингл.) — 2000.
- ↑ Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Awards for Penélope Cruz. IMDb.com. 20 октябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2012.
- ↑ 5.0 5.1 Ҳамроҳи Никол Кидман, Марион Котийяр, Ферги, Дэниел Дэй-Люис, Ҷуди Денч, Софи Лорен ва Кейт Хадсон.