Салоҳуддин Амонӣ (Салоҳуддин Амонов; тав. 2 июни 1956, Элок, ноҳияи Файзобод) — омӯзгор, хушнавис.

Салоҳуддин Амонӣ
Салоҳуддин Амонов
Таърихи таваллуд 2 июн 1956(1956-06-02) (68 сол)
Зодгоҳ Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (аз соли 2006)
Алма-матер Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1978)

Зиндагинома

вироиш

Салоҳуддин Амонов 2 июни соли 1956 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики УДТ (1978).

Фаъолияти меҳнатӣ

вироиш
 
Намунае аз хушнависиҳои Салоҳуддин Амонӣ

Солҳои 1978—1980 — ходими илмии Осорхонаи ИТИИПТ, 1980—1992 — ходими илмии шуъбаи методикаи таълими забон ва адабиёти ПИП, 1992—1993 — муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти ИМТИБКМ, 1993—2001 — сармутахассис ва муовини раиси Анҷумани робита бо тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», 2001—2006 — хушнавис-таҳқиқгари Бунёди байналмилалии «Айнӣ», 2006—2010 — котиби илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф.

Аз соли 2012 мудири шуъбаи рушди мактаб (синфҳо)-и камкомплекти Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Ба ҳайси хушнавис чанд китобро хаттотӣ кардааст.

Телевизион

вироиш

Салоҳуддин Амонӣ солҳои 2007—2010 дар ТВ Баҳористон дар барномаи «Бӯстони алифбо» хатти ниёгонро таълим медод. Дар мудати кӯтоҳ ӯ дар миёни хурду бузурги ҷомеаи тоҷик маҳбубияти хосеро касб кард. Аксарият барояш тахаллуси «телеустод»-ро гузоштаанд[1].

Китобҳо
  • «Хрестоматияи адабиёт» барои синфи 8. Д., 1990.
  • Машқи хат 1. Д., 1991.
  • Машқи хат 2. Д., 1991.
  • Китоби қироат 1. Д., 1991 (ҳаммуаллиф).
  • Китоби қироат 2. Д., 1991 (ҳаммуаллиф).
  • Алифбо. Теҳрон, 1991 (ҳаммуаллиф).
  • Алифбои ниёгон. Китоби дарсӣ барои коллеҷҳои пе­да­го­гӣ. Д., 2010 (ҳаммуаллиф).
  • Алифбои ниёгон (бо шариктаълиф), Д., 2010.
Ҷузваҳо
  • «„Шоҳнома“ — ҷилвагоҳи сухан». Д., 2012.
  • Ёдҳо дар ёдҳо. Китоби хотирот бахшида ба «80-солагии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон». Д., 2013.
  • «Шукуфаҳои „Дили бемор“». Д., 2015.
  1. Беҳтарин устоди телевизионӣ(тоҷ.). Рӯзномаи Миллат. www.millat.tj (3 октябри 2009). 28 ноябри 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш
  • Донишномаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф (ДПРМ). — Душанбе: «ПРМ АТТ», 2013.