Сарвиноз Бобоевна Ҳоҷиева (Тав. 01.11.1964, шаҳри Душанбе) — омӯзгор, рассом, муҳаррир. Узви Конфедератсияи байналмилалии рассомони Тоҷикистон (аз соли 2000), котиби Раёсати ИР Тоҷикистон (2000–12), узви Раёсати Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Туркия (аз соли 2002), узви Конфедератсияи байналмилалии иттиҳоди журналистон (аз соли 2008), узви пайвастаи Академияи мусаввирии Тоҷикистон (аз соли 2010). Фарзанди шоир Бобо Ҳоҷӣ ва ҳамсари рассом Олим Камолов.

Сарвиноз Ҳоҷиева
Сарвиноз Бобоевна Ҳоҷиева
Суратҳо
Таърихи таваллуд 1 ноябр 1964(1964-11-01) (60 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Табаият Парчами Тоҷикистон
Жанр рассом, омӯзгор, рӯзноманигор.

Зиндагинома

вироиш

Сарвиноз Ҳоҷиева Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов (1979–1983) ва шуъбаи ғоибонаи Ин.-ути пед. заб. ва адаб. руси ба номи А.С. Пушкин (ҳоло – ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода)-ро хатм кардааст (1992). Рассом ва таҳиягар, сардиректори барномаҳо (1983–2000), сармуҳарири Гурӯҳи эҷодии «Парасту» (2000–04), сармуҳарири ред. барномаҳои фарҳангии Телевизионип тоҷик (2004–2012), ҳамзамон омӯзгори фанни фарҳангшиносии ДСРТ (2004–08) ва Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов (2009–2013), директори ташкилоти ҷамъиятии Маркази рассомии минётураи «Мино» – Клуб ЮНЕСКО (2010–2015). Аз соли 2016–роҳбари устохонаи хусусии «Дом Мино Миниатюр» – Клуб ЮНЕСКО. Солҳои 2012 то 2013 раиси Иттифоқи косибони Тоҷикистон будааст. Иштирокчии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон, озмун-фестивалҳои кӯдакон, бисёр намоишу лоиҳаҳо, семинару тренингҳои ватанӣ ва байналмилалӣ дар Алмаато, Москва, Париж, Минск, Деҳлӣ, Остона, Тошканд, Вашингтон, Исфаҳон, Бишкек, Будапешт, Бухоро ва ғ. Худ низ асарҳояшро солҳои гуногун дар кишвар ва хориҷа ба намоиш гузоштааст, чунончӣ, дар шаҳри Йоэнсууи Финляндия (1990), соли 2004 дар сафорати Тоҷикистон дар Туркия, (Анқара, 2004) дар маърази тамошо гузоштааст. Асарҳои зерин бо мӯқалами эшон машҳур гаштаанд: «Натюрморт» (1983), «Посдори оташ» (1999), «Ёди он рӯзҳо…» (2007), «Накҳати рангҳо» (2004), «Духтари кулол» (2003), «Мумтоз ва лола» (2003), «Модар-замин» (2006), «Орзу» (2005), «Лола» (2006), «Гули анор» (2007), «Нилуфар» (2010) ва ҳ. Бо Дипломи Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳ. бо мамлакатҳои хориҷии Тоҷикистон, Дипломи ғолиби аввалин озмуни байналмилалии тел. «Барномаҳои беҳтарини Иттиҳод»-и Шабакаи барномаҳои тел. Россия «Мир», Ифтихорномаи Ҳук. мукофотонида шудааст.[1]

Пайвандҳо

вироиш
  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6