Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия — миссияи расмӣ-дипломатии Тоҷикистон дар Русия, ки дар шаҳри Маскав, ноҳияи Пресненский, дар тангкӯчаи Гранатный (рус. Гранатный переулок), дар наздикии истгоҳи метрои «Баррикадная» қарор дорад.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Гранатный переулок, 13.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав. Намо аз тарафи Вспольный переулок
Харитаи намояндагиҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон

Таърих вироиш

9 сентябри соли 1991, ҶШС Тоҷикистон аз ИҶШС баромад ва соҳибистиқлол гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолиаш дар Маскав намояндагии доимии худро дошт. Муносибатҳои дипломати миёни кишварҳои соҳибистиқлол аз 9 апрели соли 1992 барқарор шуд, 4 майи соли 1992 дар Душанбе Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон кушода шуд. 

25 майи соли 1993 «Шартнома оиди дӯстӣ, ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамдигар» баста шуд, ки ин боиси гузоштани пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Русия гардид. Маҷмӯъи қоидаҳои ин шартнома ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русияро дар ҳама самтҳо мустаҳкам намуд. 8 июни соли 1993 намояндагии Тоҷикистон ба намояндагии доимии Тоҷикистон дар Русия табдил ёфт ва аз 18 декабри соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия кушода шуд.

Алоқа вироиш

  • Суроға: 123001, Маскав, Гранатный переулок, 13.
  • Телефон: +7 (495) 690-41-86, +7 (495) 690-61-02
  • Факс: +7 (495) 691-89-98
  • E-mail: info@tajembassy.ru

Хизматрасониҳои иловагӣ вироиш

Дар тангкӯчаи Скатертный (рус. Скатертный переулок), хонаи 19 (пештар иморати шахсии И. И. Некрасов) шаҳри Маскав, хизматрасонии консулгарии сафоратхона ва намояндагии савдои Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Сафирони Тоҷикистон вироиш

  • Сафаров Сафар Ғаюрович аз 1 октябри соли 2001 то соли 2007.
  • Сатторов Имомудин Мирзоевич аз 15 майи соли 2014 то соли 2021.
  • Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич аз 2 августи соли 2021 то ҳол.

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш

Ҳаволаҳо вироиш