Рамазон Зарифович Мирзоев (зод. 15 феврал 1945, Вилояти Кӯлоб) — ходими давлатии тоҷик.

Рамазон Мирзоев
сафир
Таваллуд 15 феврал 1945(1945-02-15) (79 сол)
Таҳсилот
Ҷоизаҳо
Order of Friendship

Зиндагинома

вироиш

Рамазон Мирзоев 15 феврали соли 1945 дар деҳаи Сарсибулоқи ноҳияи Кӯлоб дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон дар соли 1967 дар муассисаҳои сохтмонии вилояти Кӯлоб машғул ба кор шудааст. Аз соли 1975 то соли 1978 дар проектҳои сохтмонии Афғонистон фаъолият доштааст. Дар соли 1979 муовини вазири сохтмони кишоварзӣ таъйин гардид.

Аз соли 1983 пас аз хатми Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Комитети марказии Ҳизби камунистии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ машғули корҳои ҳизбӣ шуд. Аз соли 1989 то 1992 депутати мардумии Парламенти Иттиҳоди Шӯравӣ. Дар солҳои 1991—1992 дар вазифаҳои муовини раиси шӯрои маҷлиси олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва дастгоҳи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 1992 мудири шуъбаи коргузории Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 1995 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва аз октябри соли 2001 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таъйин гардидааст. Оиладор, соҳиби шаш фарзанд.

Пайвандҳо

вироиш

Сомонаи расмии Сафорати Ҷумҳӯрии Тоҷистон дар Ҷумҳӯрии Исломии Эрон Бойгонӣ шудааст 18 Декабри 2014  сол.