Open main menu

Википедиа β

Мақолаи баргузида

Муҷассамаи Умари Хайём ҳамроҳ бо 3 донишманди бузурги тоҷику форс — Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ ва Закариёи Розӣ дар саҳни бинои СММ дар Вена

Умар Хайёми Нишопурӣ (порсӣ: عُمَر خَیّام نیشابوری; 18 майи соли 1048, Нишопур4 декабри соли 1131, ҳамон ҷо) — ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири форсу тоҷик.

Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ зодаи 28 урдибиҳишти соли 427 ҳиҷрии шамсӣ (баробар бо 18 майи соли 1048 милодӣ) дар шаҳри Нишопури Эрон аст. Умари Хайём фиқҳро дар миёнсолӣ дар маҳзари Имом Муваффақи Нишопурӣ омӯхт. Ва низ улуми ҳадис, тафсир, фалсафа, ҳикмат ва нуҷум (ситорашиносӣ)-ро дар ҳамон авон фаро гирифт. Ва ба ин далел ба ӯ Хайём мегуфтанд, ки падараш ба шуғли хаймадӯзӣ машғул будааст.

Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба ҳисоб меомад ва дорои ҳуше фавқулода буда ва ҳофизае нерӯманд доштааст. Вай дар замони давлати Салҷуқиён зиндагӣ мекард, ки қаламрави ҳукумати онон аз Хуросон гирифта то Озарбойҷон ва кишварҳои Рум, Ироқ ва Яманро шомил мешуд.

Хайём дар ҳудуди соли 449 таҳти ҳимоят ва сарпарастии Абутоҳир, қозиюлқузоти Самарқанд, китобе дар риёзиёт таҳти номи «Рисолатун фил-бароҳин ало масоилил-ҷабри вал-муқобала» (дар бораи муъодилоти дараҷаи сеюм) нигошт ва аз он ҷо, ки бо Хоҷа Низомулмулк робитаи некӯ дошт, ин китобро пас аз нигориш ба Хоҷа тақдим кард. Пас аз ин даврон, Хайём ба даъвати Султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазираш Низомулмулк ба Исфаҳон меравад, то сарпарастии расадхонаи Исфаҳонро ба ӯҳда бигирад. Ӯ 18 сол дар он ҷо муқим мешавад.

Дар ҳамин авон, муҳимтарин ва таъсиргузортарин асари риёзии худро бо номи «Рисолатун фи шарҳи мо ушкила мин мусодароти Иқлидус»-ро менависад ва дар он хутути мувозӣ ва назарияи нисбатҳоро шарҳ медиҳад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Хайём ҳангоме ки Султон Санҷар, писари Маликшоҳ дар кӯдакӣ ба обила гирифтор буда, вайро дармон кардааст.

Саранҷом ин донишманди бузург дар соли 510 хуршедӣ дар шаҳри Нишопур дори фониро видоъ мегӯяд. Мақбараи ӯ ҳамакнун дар шаҳри Нишопур дар боғе қарор гирифтааст.

(бештар...)

Мақолаи хуб

Ширкати Эмомоалӣ Раҳмон дар ҷаласаи СААД

Эмомалӣ Раҳмон (порсӣ: امام‌علی رحمان; то 21 марти соли 2007 — Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов; тав. 5 октябри соли 1952, Данғара, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, СССР) — сиёсатмадори тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992—1994), аз соли 1994 — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат (аз 25 декабри соли 2015).

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.

20 марти соли 2014 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар гуфт:

Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт.

ва дар давоми суханрониаш гуфт:

Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад

(Бештар…)

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:


  • Роҳинҷа (банголӣ: রোহিঙ্গা Rohingga /ɹohiŋɡa/) — номгузории халқиятест дар кишвари Мянма.

Роҳинҷа (халқият), гурӯҳи этникиест, ки аксаран дар иёлати Ракхайн (Аракан)и давлати Мянма маскун аст ва ба ҳалқиятҳои оилаи ҳиндуаврупоӣ таалуқ дорад.[1] Халқияти Роҳинҷа худро аз сокинони муқимнишини иёлати Ракхайн (Аракан)и давлати Мянма мешуморад, вале аксари муаррихон тахмин доранд, ки асосан ин халқият ба Мянма дар даврони мусталикадории Британияи Кабир аз Бангола (Бангладеш) муҳоҷир шудааст, ва қисман баъди соҳибистиқлол шудани Бирма (соли 1971), ҳоло Мянма омадааст.[2].

  • Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бар асоси тағйироти қабулшуда (аз 23.08.2017) ин маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда мешаванд:

КОМИЛАН МАНЪ КАРДА МЕШАВАНД:

  1. Маъракаи ақиқа
  2. Маъракаи "Ҳоҷизиёрат”
  3. Маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон)
  4. Даъвати санъаткорон ба тӯйи хатна
  5. Даъвати санъаткорон ва забҳи чорво дар маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста.
  6. Забҳи чорво ва додани таом дар тамоми маросими дафну азодорӣ, аз ҷумла дар маросими «се», «чил» ва «сол» ва маросими алакай мамнӯи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ».(ҚОНУНИ НАВИ ТАНЗИМ ҚАБУЛ ШУД /akhbor.com/23.08.2017) (ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»| бештар...)


Рӯйдодҳои ҷорӣ

Мавзӯи муҳим: Ҷоми миллатҳои Африқо


Эмомалӣ Раҳмон, дар саммити BRICS 2015
  • Парлумони Тоҷикистон рӯзи 23 август тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзими расму ойинҳоро қабул кард. Бар асоси ин тағйирот, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаҳои азодорӣ комилан манъ шуда, тӯйи хатна аз ин ба баъд бидуни даъвати санъаткорон бояд доир шавад. Бо тӯйи дигар муштарак кардани хатнасӯр ҳам акнун манъ мешавад.(/akhbor.com /23.08.2017)
  • Дар Кобул таҷлили 98-умин солгарди истиқлоли Афғонистон баргузор гардид: (видео дар [youtu.be/19.08.2017])
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд.(/tvt.tj /17.08.2017)
  • Вазишгари Тоҷикистон Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба вазиши сабук (2017, Лондон) мақоми 7-умро касб кард.(/tvt.tj /12.08.2017)
  • Дар Эрон маросими савгандёдкунии Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ баргузор гардид.(/www.golos-ameriki.ru /4.08.2017)
  • Дар натиҷаи бақайдгирии SIM-кортҳо дар Тоҷикистон зиёда аз 2 млн SIM-кортҳо баста шудаанд.(avesta.tj/2.08.2017)
  • Дар Покистон бо ҷойи собиқ сарвазири ба истеъфорафта (Навоз Шариф), сарвазири нав Шаҳид Ҳаққан Аббосӣ интихоб гардид.(/www.bbc.com/russian /1.08.2017)
  • Сарвазири Покистон Навоз Шариф ба истеъфо баромад.(/www.golos-ameriki.ru/28.07.2017)
  • Пайкараи тилокории президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзовро, ки дар маркази шаҳри Ишқобод, пойтахти ин кишвар қомат афрохта буд, канданд.(/tajikistantimes.tj/24.07.2017)
  • Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба синни 60 расид.(/tajikistantimes.tj/24.07.2017)
  • Бахшида ба 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» нашр гардид.(/jahonnamo.tj/23.07.2017)
  • Ба ифтихори Соли ҷавонон ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.(/tajikistantimes.tj/15.07.2017)
  • Мавсил (русӣ-Мосул) расман аз тасарруфи ДИИШ (ИГИЛ) озод карда шуд.(/tajikistantimes.tj/11.07.2017)
  • Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. (khovar.tj 11.07.2017)
  • Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат. (khovar.tj 27.06.2017)
  • "Паёми Пешвои миллат ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон" дар расонаи АМИТ "Ховар" интишор гардид.(khovar.tj) Боз нигаред: Э. РАҲМОН: САДАҚАИ ФИТРРО БА ЯТИМОНУ НОДОРОН БИДИҲЕД (akhbor.com)
  • Шоири халқии Тоқикистон Мӯмин Қаноат 85 сола шуданд (avesta.tj 20.05.2017 )
  • Ҳасанӣ Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури кунунии Эрон бо касби 57 дарсади оро дар интихоботи рӯзи 19 май ба даври дуюми раёсат даст ёфт.(20.05.2017 akhbor.com 19.05.2017)
  • Дар ш. Алмаато 16 май бо иштироки роҳбарони хадамоти энержии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон,Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон масъалаи муттаҳид гардонидани Системам ягонаи энержии Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид. Дар назар аст, ки лоиҳаи қарор оид ба барқарор намудани Системам ягонаи энержии Осиёи Марказӣ ба наздики ба имзо хоҳад расид.( Викиахбор.org (русӣ) 17.05.2017
  • Дар Фаронса Эммануэл Макрон дар даври дуюми интихоботи президент 66,1% овоз гирифта, Президенти Фаронса гардид.(mir24.tv 8.05.2017 )
  • Дар Тоҷикистон фурӯши мошинҳои сабукрави истеҳсоли Ӯзбекистон дар назар аст. Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиши тиҷоратӣ дар Душанбе миёни соҳибкорони тоҷику ӯзбек ҳудуди 20 қарордод ба имзо расид.(news.tj 20.04.2017 )
  • Дар Туркия натиҷаҳои пешакии раъйпурсӣ интишор карда шуд. Аз рӯйи маълумоти пешакӣ ворид кардани ислоҳот дар конститутсияро 51,3 дарсад ҷонибдорӣ карданд. ( jahonnamo.tj 17.04.2017)


Read in another language