Сироҷиддин Муҳриддин

(Тағйири масир аз Сироҷиддин Аслов)

Сироҷиддин Муҳриддин ( Аслов Сироҷидин Муҳридинович; тав. 17 феврали 1964, ноҳияи Совети вилояти Хатлон), ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — давлатмард ва дипломати тоҷик. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2013).

Сироҷидин Аслов
Аслов Сироҷидин Муҳридинович
аз 29 ноябри соли 2013
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Ҳамрохон Зарифӣ
Таваллуд 17 феврал 1964(1964-02-17) (60 сол)
Таҳсилот
Касб муҳандис-гидрометеоролог, иқтисоддон
Фаъолият дипломат
Ҷоизаҳо Ордени Шараф
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Аслов Сироҷидин Муҳридинович 17 феврали соли 1964, ноҳияи Темурмалик вилояти Хатлон) таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1986 Донишкадаи гидрометеорологии Одесса ва соли 2002 Донишгоҳи иқтисодии Тошкентро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ

вироиш
 
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин (аз чап) бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов (аз рост), 3 июни соли 2015.

Фаъолияти кориашро соли 1986 ба сифати муҳандис-агрометеорологи Маркази гидрометеорологияи Саридораи обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ оғоз намуда, то соли 1996 дар вазифаҳои муовини сардор, сардори Раёсати прогресси илмию техникӣ ва стандартҳои Вазорати ҳифзи табиат, муовини сардори Саридораи обуҳавосанҷии Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1996 то соли 2004 дар мансабҳои Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал, Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал ва Раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналхалқии наҷоти Арал фаъолият намудааст.

Солҳои 2004—2005 ба ҳайси муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Солҳои 2005—2011 дар вазифаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид кор кардааст.

Аз моҳи марти соли 2011 дар мансаби Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид, ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба фаъолият дорад.

Бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардидааст. Бо забонҳои англисӣ, форсӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид

Ҷоизаҳо

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Нигаред низ

вироиш