Ҳамрохон Зарифӣ
Ҳамрохон Зарифӣ (Зарипов Ҳамрохон Зарипович; тав. 25 декабри соли 1948, ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2006 то 2013), узви доимии Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дорандаи рутбаи Сафири фавқулодда ва мухтор, номзади илм.[1]
1 декабри 2006 — 29 ноябри 2013 | |
Нахуствазир | Коҳир Расулзода |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Пешгузашта | Талбак Назаров |
Ҷонишин | Сироҷиддин Аслов |
Таваллуд |
25 декабр 1948 (75 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Зарипов Ҳамрохон Зарипович |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | номзади илмҳои сиёсатшиносӣ |
Касб | дипломат |
Фаъолият | дипломат |
Ҷоизаҳо | |
Хидмати сарбозӣ | |
Мансубият | СССР |
Навъи артиш | Нерӯи дарёии Шӯравӣ[d] |
Рутба | полковники КБД дар нафақа |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироиш25 декабр, 1948 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Соли 1971 факултаи физика ва математикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм намудааст.
Дар соли 1971 фаъолияти кориашро оғоз намуда, ба сифати омӯзгор дар Донишкадаи омӯзгорӣ, баъдан дар мақомоти амниятӣ кор кардааст. Аз корманди қаторӣ ба вазифаи роҳбарии Кумитаи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст.
Аз соли 1993 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии шӯъба ва муовини вазирро бар дӯш дошт.
Аз соли 1993 то 2002 ба сифати намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия, Венгрия ва конфедератсияи Швейтсария буд.
Cолҳои 2002—2006 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 то 2013.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2013 аз вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шудааст.
Бо медалҳо, орденҳо ва дигар ҷоизаҳои давлатӣ мукофонида шудааст. Донандаи забони англисӣ. Оиладор соҳиби 2 фарзанд.
Донистаниҳои ҷолиб
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Вазирони корҳои хориҷӣ. 23 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 май 2014.
- ↑ Дипломаты_водрузили_на_горе_Фудзияма_государственный_флаг_Таджикистана