Сироҷиддин Бандаев

Сироҷиддин Бандаев — омӯзгор, кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои кимиё (1992), профессор (1993), узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2005), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (МАН ВШ) (2000), Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2012) ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021[1]

Сироҷиддин Бандаев
Сироҷиддин Гадоевич Бандаев
Таърихи таваллуд 10 март 1945(1945-03-10) (79 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Тавилдара , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2021), «Медали фахрии Амрико-2003», Аълочии маорифи Тоҷикистон, «Аълочии маорифи халқи ИҶШС», ифтихорномаву дипломҳои Вазорати маорифи ИҶШС ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор медалҳо.

Зиндагинома

вироиш

Сироҷиддин Гадоевич Бандаев 10 марти 1945 дар деҳаи Лоҷирк, ноҳияи Тавилдара таваллуд шудааст, Солҳои 1962- 1970 дар шуъбаи кимиё-биологияи факултаи ҷуғрофия ва табиатшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1970–1972 муаллими кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1972–1975 аспиранти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов , 1976–1982 муаллими калон, 1982–1989 дотсент ва мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1989– 1992 докторанти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов буд. Ҳамзамон солҳои 1979–1980 вазифаи декани факултети биология-химияи донишкадаи омӯзгории пойтахтро ба уҳда дошт. Солҳои 1992–1995 ҳамчун мудири кафедраи химияи органикӣ ва биология, 1995–1998 муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, 1998–2009 муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ оид ба корҳои таълимӣ кор кардааст. Профессори донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад. Солҳои 1971–1972 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград, 1978–1979 дар Донишгоҳи шаҳри Лейпсиги Олмон ихтисоси худро такмил додааст. Тӯли 40 соли фаъолияти омӯзгорияш дар таълиму тарбияи ҳазорҳо мутахассисон барои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ саҳми арзишманди худро гузоштааст. Ҳамчун мудири кафедра ва декани факултети химия дар баланд бардоштани дараҷаи илмӣ-методии раванди таълим хидмати бузурге кардааст. Аз соли 2008 профессори кафедраи кимиёи органикӣ ва биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Сироҷиддин Бандаев иштирокчии симпозиуми байналхалқии ИЮПАК шаҳри Москва (1986) ва шаҳри Коҳира (1992) буда, дар як қатор анҷуману конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, умумиитифоқӣ ва байналмилалӣ бо мавзӯъҳои илмӣ баромад намудааст. Ӯ иштирокчии ВДНХ-и ИҶШС буда, бо медали «Биринҷӣ» сарфароз шудааст. Солҳои тӯлонӣ аъзои Шӯрои илмию методии Вазорати мактабҳои олии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кимиё буд.

Професор Бандаев С. Г. ҳануз аз даврони ҳукумати шуравӣ ҳамчун омӯзгори варзида ва ташкилотчии моҳир шуҳрат пайдо карда буд. Ӯ иштирокчӣ ва ташкилкунандаи як қатор чорабиниҳои илмиву педагогӣ буд ва мебошад. Аз ҷумла: Аъзои кумитаи тадорукотӣ оид ба ташкил ва гузаронидани олимпиадаи умумииттифоқии (ИҶШС) мактаббачагону донишҷӯён оид ба химия (1982-1991); Солҳои 1980-1990 С.Г. Бандаев дар ҳалли ду барномаи комплексии илмию техникии (КНТП)-и ИҶШС («Реактив» ва «Тонкий органический синтез») сарбаландона иштирок намудааст; Соли 1986 Бандаев С. Г. бо дастовардҳои илмиаш дар ВДНХ-и ИҶШС иштирок намуда, сазовори ду медали нуқра ду медали биринҷӣ гардид. Донишкада бо Дипломи ВДНХ-и ИҶШС ва ду нафар донишҷӯ бо шаҳодатномаи иштирокчии ВДНХ сазовор гардиданд; 101 Раиси Шӯрои диссертатсионӣ доир ба дифои рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси «Назария ва усули таълиму тарбия» (химия ва биология) (аз 2018); Аъзои Шӯрои диссертатсионӣ доир ба дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадии Институти химияи АИ ҶТ (ВАК-и ФР) (аз 1993); Аъзои Шӯрои диссертатсионӣ доир ба дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (аз с.2017 ); Раиси гурӯҳи коршиносони Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба химия (аз соли 1995 то ҳол). Барои ҷалб намудани ҷавонони лаёқатманд ба аспирантураву докторантура, ҷалб кардани омӯзгорони варзида барои таҳияи китобҳои дарсӣ (барои мактабҳои олӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ), такмили раванди таълим дар донишгоҳ, аз ҷумла гузаштан ба таълими бисёрзинагӣ ва амалӣ гардонидани он дар факултетҳо, муайян намудани мазмун ва мундариҷаи таълим барои ихтисосҳои омӯзгорӣ, навиштани барномаву нақшаҳои нави таълимӣ барои зинаҳои бакалавр, мутахассис ва магистр хидмати арзанда кардааст. Донишҷӯён таҳти роҳбарии ӯ борҳо дар озмунҳои илмӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ғолиб омадаанд. Дар ҳаммуаллифӣ бо донишҷӯён зиёда аз 20 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ чоп кардааст.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Тадқиқотҳои илмии профессор Бандаев С.Г. ба омӯхтани қонуниятҳои (қобилияти реаксионӣ, стереохимия ва механизм) реаксияи арилсиклопропанҳо бо намакҳои симоб (II) ва модификатсияи маҳсулотҳои реаксия ба пайвастагиҳои алкиларилӣ ва гетеросиклии бисёрфунксионалӣ бахшида шудаанд. Дар натиҷаи тадқиқоти бисёрсолааш усули ҳосил кардани як силсила спиртҳо ва эфирҳои мекуриронидашудаи бисёрфунксионалиро ихтироъ карда, роҳҳо ва нақшаҳои нави истифодаи синтетикии онҳоро нишон додааст. Бандаев С.Г. муаллифи 2 рисола, 20 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ, 58 дастури методӣ, ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ- оммавӣ ва таҳиягарӣ «Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ» аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ мебошад. Дар тарбияи ҳазорҳо мутахассисони баландихтисоси илми- таълимӣ саҳми арзанда дорад. Бо роҳбарии ӯ 15 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

Дар ҷумҳурӣ тамоми китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ихтисосҳои омӯзгорӣ таҳти роҳбарии профессор Бандаев С.Г. таҳия гардидаанд. Аз ҷумла китоби «Химияи органикӣ» барои синфи 10, ки муаллифи он професор С.Г. Бандаев мебошад, аз рӯи «Натиҷаҳои экспертизаи ҷамъиятӣ оид ба сифати китобҳои дарсии барои мактабҳо таҳсилоти умумӣ нашршуда» тибқи хулосаи экспертҳо, муаллимон ва талабагон, миқдори аз ҳама зиёди холҳоро дар байни китобҳои дарсии табиатшиносӣ-математикӣ гирифтааст. Аз рӯи ин меъёрҳо китоби «Химияи органикӣ» барои синфи 10 беҳтарин китоби дарсӣ дониста шудааст. Соли 1982 ду нафар шогирдони Бандаев С.Г. дар озмуни корҳои илмии донишҷӯёни ИҶШС (ш.Ленинград) сазовори ҷои дуюм гардида, бо Дипломи Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсусӣ ИҶШС мукофотонида шуданд, ки ин беҳтарин дастоварди донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ буд; Ҳамчун муовини ректори ДДОТ ба номи Сдриддин Айнӣ оид ба илм (1985-1997 ва 2007-2008) ва оид ба таълим (1997-2007) профессор Бандаев С.Г. барои ҷалб намудани ҷавонони лаёқатманд ба аспирантураву докторантура, ҷалб кардани омӯзгорони варзида барои таҳияи китобҳои дарсӣ (барои мактабҳои олӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ), такмили раванди таълим дар донишгоҳ, аз ҷумла гузаштан ба таълими бисёрзинагӣ ва амалӣ гардонидани он дар факултаҳо, муайян намудани мазмун ва мундариҷаи таълим барои ихтисосҳои омӯзгорӣ, навиштани барномаву нақшаҳои нави таълимӣ барои зинаҳои бакалавр, мутахассис, магистр ва коллеҷҳои омeзгорӣ хизмати арзанда кардааст.

  • Меркурирование арилциклопропанов и возможности использования этой реакции в органическом синтезе (часть I) Д., 1996. 216 с.;
  • Меркурирование арилциклопропанов и возможности использования этой реакции в органическом синтезе (часть II) Д., 1998. 113 с. (ҳаммуаллиф)
  • Реаксияи меркуронидани арилсиклопропанҳо ва истифодабарии он дар синтези пайвастагиҳои органикӣ. Қ. 1, Д., 1996, Қ. 2, Д., 1998;

Осори илмӣ дар хориҷи кишвар

вироиш

Mercuration of phenylcyclorporanes, Spetial factora// J. of. Organomet Chem. (Амстердам).- 1975.- Vol. 99.- p. 213-222 (ҳаммуаллиф); Zur Serеochemie der Ringofnung von terans 1,2-Diphenylcyclopenen mit Quecksilber (II) Salzen. Jurnal f. Prakt. Chemie (Олмон). -1980.- B. 322.- S.643- 648 (ҳаммуаллиф);

  • Stereochemiery of ringoponing of trens-1, 2- diаrylcycopropenas dy mercury saitn. VI Inter. Conf. on Org. Synthesis (JUPAC). Moscow, 1986.- p. 209 (ҳаммуаллиф);
  • 103 Heterocyclic Ions from 2 - Methyl - 1 - (2- Nitrophnyl)- 3 - chloromercurio - 1 - formiloxypropanes 2nd //International Conference on Chmistri and Application, Doha – Qatar 2003 (ҳаммуаллиф);
  • Benzylcyclopropanes in Solvomercuration Reaction//Moscow University Bulletin. 2012.- Vol. 67. № 3. рр.122-126 (ҳаммуаллиф);
  • Synthesis and Acid-Catalyzed Transformations of Mercurial Solvent Adducts of 2-Nitrobenzylcyclopropane. First Stable Metalated l-Oxo-3,4-dihydro-lН-2,lbenzoxazinium Ions//Russian Journal of Organic Chemistry. 2013.- Vol. 49.- N.10.-рр.1554-1541 (ҳаммуаллиф);
  • Rearragement Сlaisen among allyl ester cyclopropilfenolss // Proceedings of the 5th European Conference on Innovations in Technical and Natural Sciences//»East West» Association for Advanced Studies and Higher Education GmbH. Vienna, 2014.-рр. 189-194. (ҳаммуаллиф);
  • Mercuration of 1-alcyl-2- аrylcyclopropanes// Proceedings of the 5th European Conference on Innovations in Technical and Natural Sciences//»East West» Association for Advanced Studies and Higher Education GmbH. Vienna, 2014. (ҳаммуаллиф);
  • Mercuration of 1-alcyl-2- аrylcyclopropanes// Proceedings of the 5th European Conference on Innovations in Technical and Natural Sciences. «East West» Association for Advanced Studies and Higher Education GmbH. Vienna. 2014. P. 199-204 (ҳаммуаллиф);
  • Implementation of the teaching of mathematics in chemistry viii-ix class through solving problems with mathematical content // Proceedings of the 5th European Conference on Innovations in Technical and Natural Sciences. «East West» Association for Advanced Studies and Higher Education GmbH. Vienna. 2014. P. 239-244 (ҳаммуаллиф);
  • IR -Spectra of some derivatives of imidazo [2,1-b] -1,3,4-thiadiazole, containing different functional groups// The USA Journal of Applied Sciences, CIBUNET Publishing, №1, 2016, pp. 56-60 (ҳаммуаллиф);
  • Аниотропные превращения 1-(2- нитро-фенил)-3-бром-пропанолов и их сложных эфиров во фторсуль-фоновой кислоте // Журнал органической химии (ЖОРх).-2021. № 10.- С.1474-1481. doi 10.31857/ S0514749221100141(ҳаммуаллиф)

Китоб ва дастурҳои таълимӣ

вироиш
  • Химияи органикӣ барои синфи 10. Д., 2006. 352 с.; (ҳаммуаллиф);
  • Химияи органикӣ барои синфи 10. Нашри дуюм. Д., 2011. 350 с. (ҳаммуаллиф);
  • Химияи органикӣ барои синфи 10. Нашри сеюм. Д., 2020. 360 с. (ҳаммуаллиф);
  • Роҳнамои фанни химия. Синфи 10-ум. Д., 2020. 360 с.; 2018. 352 с. (ҳаммуаллиф);
  • Химияи органикӣ (қисми 1) (барои Донишгоҳҳои омӯзгорӣ). Д., ДДОТ, 2015. 210 с (ҳаммуаллиф);
  • Химияи органикӣ (қисми 11) (барои донишгоҳҳои омӯзгорӣ). Д., 2019. 222 с. (ҳаммуаллиф);
  • Химияи органикӣ (қисми 111) (барои донишгоҳҳои омӯзгорӣ). Д., 2021. 300 с. (ҳаммуаллиф);
  • Биохимияи умумӣ (барои донишгоҳҳои омӯзгорӣ). Д., 2021. 385 с. (ҳаммуаллиф);
  • Химияи органикӣ (барои донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ). Д., 2017. 255 с (ҳаммуаллиф); Химия органикӣ дар нақша ва ҷадвалҳо. Д., 2019. 65 с. (ҳаммуаллиф);
  • Методическое пособие для студентов химических и фармацевтических факултетов университетов. Д., 2001. 205 с. 102 (ҳаммуаллиф)

ва якчанд барномаҳои таълимӣ аз фани кимиё.

Мукофот

вироиш
  • «Медали фахрии Амрико-2003» (Шӯрои роҳбарикунандаи муҳаррирони Пажӯҳишгоҳи биографии Амрико ӯро қадр кардааст.)
  • «Корманди шоистаи Тоҷикистон»,
  • «Аълочии маорифи Тоҷикистон»,
  • «Аълочии маорифи халқи ИҶШС»,
  • Барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ - Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021,[2] ва ифтихорномаву дипломҳои Вазорати маорифи ИҶШС ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як қатор медалҳо сарфароз карда шудааст.[3]

Пайвандҳо

вироиш
  1. Кимиёшиноси соҳибмактаб.(тоҷ.). www.omuzgor-gazeta.tj. 2021-09-30. 10 марти 2022 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. Қадрдонии 120 нафар бо мукофотҳои давлатӣ(тоҷ.). www.sadoimardum.tj. 2021-08-21. 24 май 2023 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  3. Бандаев Сироҷиддин Гадоевич. 10 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 Январ 2016.