Сито Қосимӣ (форсӣ: سيتا قاسمى‎; тав. 6 апрел 1983 дар Кобул, Афғонистон) — сароянда ва оҳангсози афғон[2]. Ӯ дар ҷодаи санъати овозхонӣ соли 2008 ворид шудааст. Сито бо забонҳои дарӣ ва пашту месарояд ва дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ӯ ду маротиба ба Тоҷикистон сафар намудааст.

Сито Қосимӣ
سيتا قاسمى
Ном ба ҳангоми таваллуд سيتا قاسمى[1]
Таърихи таваллуд 6 апрел 1983(1983-04-06) (41 сол)
Зодгоҳ Кобул
Солҳои фаъолият 2008-то ҳол
Кишвар  Афғонистон
Пеша(ҳо) оҳангсоз, овозхон
Сабк Поп
Мусиқии фолклори афғон
Ҳамкорӣ Валӣ Ҳиҷозӣ
Шафиқ Мурид
Моҳираи Тоҳирӣ
Мири Мафтун

Зиндагинома

вироиш

Сито аз даврони кӯдакӣ орзуи сарояндаи машҳур шуданро дар дил мепарварид. Бинобар сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон дар синни хурдсолӣ Ватанашро тарк намуда, бо аҳли оилааш ба Покистон куч бастаанд. Ӯ дар Покистон бо душвориҳои зиёде рӯбарӯ шудааст, ки яке аз онҳо ӯро дар синни понздаҳсолагӣ бо марди калонсоле маҷбуран ба шавҳар додан мебошад. Сито пас аз оне мефаҳмад, ки ӯ ҳамсари якум нест бо муноқишаву ҷанҷолҳои зиёд аз шавҳараш ҷудо мешавад. Ӯ ҳоло ду фарзанд дорад ва дар Олмон зиндагӣ мекунад.

Дискография

вироиш

Сурудҳо:

  • Ba Taswiram Chi Mebini
  • Eid Mubarak
  • Yarake Bewafa
  • Del Parayshanam
  • Bewafaa
  • Mohabbat
  • Dukhtare Kochi
  • Mastam Mast
  • Meena
  • Lamba Di Shoma
  • Naath
  • Chadare Ishq
  • Watandar
  • Zan
  • Gharanay
  • Angor-e-Shamali
  • Sarbaz Watan
  • Dost Hai Dost (бо Моҳираи Тоҳирӣ)

3.https://www.facebook.com/seeta.qasemie.7