Стефан Тсвейг
Стефан Тсвейг (олмонӣ: Stefan Zweig — Штефан Тсвейг; 28 ноябр 1881[1][2][3][…], Вена, Утриш-Маҷористон[d][5] — 22 феврал 1942[4][5], Петрополис[d], Рио де Жанейро[5]) — нависанда, намоишноманавис, рӯзноманигор ва зиндагиноманависи утришӣ.
утр.-олм.: Stefan Zweig | |
Таърихи таваллуд: | 28 ноябр 1881[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 22 феврал 1942[4][5] (60 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, тарҷумон, рӯзноманигор, намоишноманавис, шоир, мунтақиди адабӣ, муаррих, зиндагиноманавис, румоннавис, насрнавис, мақоланавис |
Солҳои эҷод: | 1901 — 1942 |
Забони осор: | олмонӣ[1][6], фаронсавӣ, инглисӣ, итолиёӣ ва испониёӣ |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вай бо Эмил Верхарн, Ромен Роллан, Франс Масерел, Огюст Роден, Томас Манн, Зигмунд Фрейд, Ҷеймс Ҷойс, Ҳерман Ҳессе, Ҳерберт Уэллс, Пол Валерий, Максим Горкий, Рихард Штраус, Бертолд Брехт барин одамони машҳур дӯст буд.
Зиндагинома
вироишСтефан дар Вена дар хонадони сарватманди яҳудӣ тба дунё омадааст. Падар, Моритс Тсвейг (1845—1926) молики корхонаи нассоҷӣ буд. Модар, Ида Бреттауэр (1854—1938), аз хонаводаи бонкдоони яҳудӣ буд[7]. Дар мавриди кӯдакӣ ва навҷавонии нависандаи оянда иттилоъоти каме вуҷуд дорад: ӯ худ дар ин маврид хеле кам сухан ронда, таъкид мекард, ки дар оғози зиндагии ӯ ҳама чиз дақиқан монанди дигар рӯшанфикрони аврупоӣ дар ибтидои қарн буд.
Тсвейг пас аз поёни дабиристон дар соли 1900 вориди Донишгоҳи Вена шуд ва дар он ҷо фалсафа омӯхт ва дар соли 1904 унвони докториро дарёфт кард.
Ӯ аллакай дар давраи таҳсил, бо ҳазинаи шахсӣ, аввалин маҷмӯъаи шеъри худро мунташир кард («Торҳои нуқра» (Силберн Сайтен), 1901). Ин ашъор таҳти таъсири Ҳофманстхал ва ҳамчунин Рилке суруда шуд, ки Тсвейг ҷуръат кард маҷмӯъаи худро барои ӯ фиристад. Рилке дар посух китоби худро пасфиристод. Бад-ин тартиб дӯстӣ оғоз шуд, ки то замони марги Рилке дар соли 1926 идома ёфт.
Пас аз фориғуттаҳсилӣ аз Донишгоҳи Вена, Тсвейг ба Лондон ва Порис (1905) рафт, сипас ба Итолиё ва Испониё (1906) сафар кард, аз Ҳиндустон, Хиндучин, ИМА, Куба, Панама (1912) боздид кард. Солҳои поёнии Ҷанги ҷаҳонии якум дар Суис (1917—1918) зиндагӣ кард ва пас аз ҷанг дар наздикии Залтсбург сокин шуд.
Дар солҳои Ҷанги ҷаҳонии якум, Тсвейг як мақолаи таъсирбахшро дар бораи Ромен Роллан мунташир кард ва ӯро «виҷдони Аврупо» номид. Ӯ ҳамчунин мақолоте дар мавриди Максим Горкий, Томас Манн, Марсел Пруст ва Ҷозеф Роту навишт.
Дар соли 1920, Тсвейг бо Фридерик Мария фон Винтернитс, хоҳарзодаи Бергер, ки қаблан аз издивоҷи аввалаш ду духтар дошт, издивоҷ кард. То миёнаҳои даҳаи 1930 муносибати онҳо бадтар шуд ва дере нагузашта Тсвейг бо котибаш Шарлотта Алтман робита кард. Дар соли 1938, Тсвейг ба таври расмӣ аз ҳамсараш талоқ гирифт ва ин ба ӯ имкон дод, ки соли 1939 бо Шарлотта издивоҷ кунад.
Вай бо зуҳури носиунолсусёлисм ва инзимоми Утриш ба Олмон, дар соли 1934 ночор ба тарки Утриш шуд ва ба Лондон гурехт. Пас аз оғози Ҷанги ҷаҳонии дувум, Тсвейг табаъият Биритониёро пазируфт, вале дар Лондон тоқат наовард ва аз тариқи Амрико, Аргентина ва Парагвай, саранҷом дар соли 1940 ба Бразилия рафт. Тсвейг дар таърихи 23 феврали 1942, дар табъидгоҳ ихуд дар Бразилия, ба зиндагии худ поён дод ва ба ҳамроҳи ҳамсараш худкушӣ кард.
Осор
вироишБархе аз осор, ки ба форсӣ низ тарҷума шудаанд:
- Номае аз зане ношинос (Brief einer Unbekannten, 1922)
- Омук (Der Amokläufer, 1922)
- Ошуфтагии эҳсосот (Verwirrung der Gefühle, 1927)
- Бисту чаҳор соат аз зиндагонии як зан (Vierundzwanzig Stunden aus dem Leben einer Frau, 1927)
- Виҷдони бедор (Castellio gegen Calvin, 1939)
- Достони шатранҷ (Schachnovelle, 1942)
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ 4.0 4.1 Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 5.4 5.5 Цвейг Стефан (рус.) / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ CONOR.Sl
- ↑ Prof.Dr. Klaus Lohrmann «Jüdisches Wien. Kultur-Karte» (2003), Mosse-Berlin Mitte gGmbH (Verlag Jüdische Presse)
Пайвандҳо
вироишСтефан Тсвейг дар Викианбор |
- Информационно-справочная энциклопедия «Стефан Цвейг» Бойгонӣ шудааст 7 апрели 2008 сол.
- Цвейг С. Берта фон Зутнер. — 1917.
- Цвейг С. Предтеча и его время (о Франце-Антоне Месмере) / Приведено по: Врачевание и психика. Три очерка. / Перевод В. А. Зоргенфрея. — М.: Политиздат. 1992.
- Цвейг С. Джакомо Джованни Казанова. Очерк в трилогии «Три певца своей жизни» / Приведено по: Смятение чувств. — М.: издательство АСТ. 1999.
- Цвейг С. Марсельеза. Очерк из цикла «Звёздные часы человечества».(пайванди дастнорас)
- Цвейг Ст. Бальзак (ЖЗЛ)